ҲАМОИШИ ТАНТАНАВИИ ВАРЗИШӢ ТАҲТИ УНВОНИ “ВАРЗИШГАРОН – ПАРЧАМБАРДОРОНИ МИЛЛАТ” ДОИР ШУД

ҲАМОИШИ ТАНТАНАВИИ ВАРЗИШӢ ТАҲТИ УНВОНИ “ВАРЗИШГАРОН – ПАРЧАМБАРДОРОНИ МИЛЛАТ” ДОИР ШУД

Имрӯз, 23 – юми ноябри соли 2024 дар доираи нақша – чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҷлили сазовори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов таҳти унвони “Варзишгарон – парчамбардорони миллат” ҳамоиши идонаи варзишӣ ва барномаи фарҳангӣ багузор гардид.

Ҳамоиш таҳти раёсати Зулфиқор Гулаҳмадзода – Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маликшо Неъматзода – Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Дилшод Назаров – ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Маҳмадшо Абдуллозода – ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов доир гарида, дар он роҳбарону намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С.Раҳимов, роҳбарони мактабҳои варзишии ҷумҳуриявӣ, собиқадорону масъулини соҳа, ҷоизадорони Бозиҳои олимпиву мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ ва варзишгарону мураббиёни сохторҳои варзишии Кумита иштирок намуданд.

Нахуст ҳайати меҳмонон аз даромадгоҳи Донишкада тариқи роҳрави асосӣ, ки дар қисми чапи он гӯшаи намоишии дастовардҳои сохторҳои варзишии Кумита ҷойгир гардида буд боздид намуда, ба дастовардҳои соҳа дар соли равон ва ғайрату кӯшиши варзишгарон баҳои баланд доданд.

Бо роҳандозии ҳамоиши мазкур бахшида ба ҷашни Рӯзи Парчами миллӣ фазои гулгашту майдончаҳои Донишкада аз тантанаву ҷилваи парчами дасти варзишгарон мунаввару идона ва рӯзи суруру шодмониро боқи монд. Роҳбарият ва ҳайати ҳамроҳи он дар идома пеш аз оғози қисми расмии чорабинӣ ба майдони варзишии Донишкада раҳсипор шуда, дар саҳни майдон аз ҳама намудҳои варзиш, ки масъулини мактабҳои варзишӣ дар гӯшаҳои муайяни майдон беҳтарин варзишгарони худро барои иҷроиши усулҳои хоси ҳамон намуди варзиш гирд оварда буданд боздида намуда, бо варзишгарон сӯҳбати рӯ ба рӯ гузаронида ба онҳои дар роҳи расидан ба музаффарияту парчамбардори барору комронӣ таманно намуданд.

Ҳамзамон дар доираи фазои ҷашнӣ бо пайки шодмонӣ дар дохили Донишкада роҳбарият майдончаи варзиши сабукро, ки бо беҳтарин шароиту имконоти тамрин бо харҷи беш аз 1,5 миллион сомонӣ бунёд гардидааст мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Инчунин аз рафти тамрини варзишгарон дар майдончаи навбунёд дидан намуда, бо онҳо суҳбат ороста барои муаррифии намудҳои варзиши сабуки кишвар дар арсаи байналмилалӣ ба варзишгарони ҷавон комгориву сарфарозӣ орзу намуданд.

Қисми расмии чорабинӣ дар фазои гуворои табиати фасли поизи мавзеъи Донишкада бо ҷилваи Парчами миллӣ ва садо додани Сурудӣ миллӣ ибтидо ёфт.

Раиси Кумита зимни суханронӣ ҳайати масъулин ва парчамбардорони соҳаи варзиши кишварро бо ин санаи фархунда Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона шодбош гуфта, ироа намуданд, ки соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш яке аз рукнҳои арзишмантарин ва муҳимтарини ҷомеа барои тарбияи насли наврас ва инсоният ба ҳисоб меравад. Зеро мақсади асосии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш танҳо иборат аз таҳкими саломатии инсон нест, балки он бо тарбияи меҳнатӣ, ақлӣ, ахлоқӣ ва эстетикӣ низ пайванди ногусастанӣ дошта, муаррифгари давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

Варзишгарон миёни ҷомеаи шаҳрвандӣ ягона шахсоне мебошанд, ки баъди сафарҳои Президенти мамлакат танҳо ба хотири онҳо Парчами давлат дар арсаи байналмилалӣ баланд бардошта мешавад. Баланд шудани парчами кишвар баландии қадру манзалати миллат дар арсаи ҷаҳон ва сарбаландии мардуми он мебошад. Бо мақсади ҳимояи шарафу номуси миллат варзишгарон арақи ҷабин мерезанд, то парчами кишвар миёни халқиятҳои ҷаҳон парафшон гардад, чунин илова гардид зимни ҳамоиш.

Сипас, Дилшод Назаров – қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ матни муроҷиатномаи варзишгарони Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намуданд.

Ҳамчунин пеш аз оғози қисми фарҳангии чорабинӣ ба чанде аз ҷавонону варзишгарони муваффақ унвонҳои соҳавӣ ва Сипосномаи Кумита супорида шуд. Қисми фарҳангии ҳамоиш бо сурудҳои ҷазобу дилнишини ватандӯстиву ҷавонии гурӯҳи ҳаваскорон ва ҷилваи матои Парчами миллӣ идома ёфта, фазои чорабинии идонаро гарму мунаввар гардонид.

Leave a Comment

Your email address will not be published.