СЕМИНАРИ ДАСТУРДИҲӢ БО РОҲБАРОНИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ ВА РАИСОНИ ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОӢ ДАР НОҲИЯИ АШТ

СЕМИНАРИ ДАСТУРДИҲӢ БО РОҲБАРОНИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ ВА РАИСОНИ ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОӢ ДАР НОҲИЯИ АШТ

Санаи 28 ноябри соли равон дар маҷлисгоҳи маркази таҳсилоти иловагии ноҳияи Ашт семинари дастурдиҳӣ бо роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва раисони ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касаба баргузор гардид. Дар семинар Мӯсобек Самизода, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Суғд, Тоҳирова Махсуда- намояндаи шуъбаи маорифи ноҳия ва Фароғат Ҳоҷиматова, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маорифи ноҳия иштирок намуданд.

Ин иқдом дар асоси нақшаи кори Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Суғд дар якҷоягӣ бо Иттифоқи касабаи ноҳиявӣ барои нимсолаи дуюми соли 2024 ташкил карда шуд.

Самизода Мӯсобек зимни ифтитоҳи семинари мазкур зикр доштанд, ки мақсади ташкили чунин семинарҳо ин баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқӣ ва боло бурдани маҳорати кории роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва раисони ташкилотҳои ибтидоӣ мебошад. Дар асоси барнома баромади Ҳайдаров Даврон, нозири меҳнати Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Суғд дар мавзӯҳои омодасозии лоиҳаи шартномаи коллективӣ, талаботи моддаи 333, 335, 355 КМҶТ ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии “Дар бораи Тартиби гузаронидани муоинаҳоии тиббии ҳатмӣ” аз 30.04.2021 №174 шунида шуд.

Инчунин Сайфиддинов Фахридин, нозири ҳуқуқи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилоят дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кормандон, тартиби додани рухсатиҳои меҳнатӣ, тартиби бақайдгирӣ ва баррасии муроҷиати шаҳрвандон дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» ва дигар мавзӯҳои муҳим баромад намуд.

Иштирокчиёни семинар аз мутахассисони Иттифоқи касабаи вилоятӣ мавзӯҳои муҳими вобаста ба риояи талаботи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи меҳнат ва техникаи бехатарӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва дигар мавзуҳои муҳимро аз худ намуданд. Дар охир як қатор фаъолон бо ифтихорномаву сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ аз тарафи Иттифоқи касабаи кормандони маорифи вилоят ва ноҳия сарфароз гардида шуданд.

Leave a Comment

Your email address will not be published.