ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ РАИСИ ФЕДЕРАТСИЯИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБАИ МУСТАҚИЛИ ТОҶИКИСТОН ҚАРАХОН ЧИЛЛАЗОДА БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ РАИСИ ФЕДЕРАТСИЯИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБАИ МУСТАҚИЛИ ТОҶИКИСТОН ҚАРАХОН ЧИЛЛАЗОДА БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам ҳамкорон, фаъолони ҳаракати иттифоқҳои касаба, собиқадорони меҳнат ва ҳамватанони арҷманд!

Бо камоли эҳтирому самимият ҳамаи Шуморо ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику муборакбод мегӯям.

Парчами давлатӣ барои ҳар як миллату давлат муқаддасоти бузург ва аз муҳимтарин рамзҳои давлатдорӣ ба шумор меравад. Он таҷассумгари соҳибихтиёрӣ, истиқлол, ваҳдати миллӣ, озодӣ, ҳувияти миллӣ ва ифтихори ватандорӣ буда, дар қалби ҳар як шаҳрванди худогоҳу ватандӯст эҳсоси муҳаббат ба Ватан ва масъулияти шаҳрвандиро бедор менамояд.

Парчами миллии мо бозгӯи таърихи пурифтихори давлатдории тоҷикон, фарҳанги ғанӣ, арзишҳои миллӣ ва ормонҳои созандаи халқ буда, имрӯз ҳамчун рамзи Тоҷикистони соҳибистиқлол мавқеи шоистаи худро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо кардааст.

24 ноябри соли 1992 дар марҳилаи ҳассос ва тақдирсози таърихи давлатдории навини тоҷикон Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи соҳибистиқлолӣ ва соҳибдавлатии миллати куҳанбунёди тоҷик қабул гардид. Ин рӯйдоди муҳим дар раванди ташаккул ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ саҳифаи нав боз намуда, иродаи мардуми тоҷикро барои ҳифзи истиқлол ва бунёди ҷомеаи муттаҳиду созанда тақвият бахшид.

Дар ин марҳилаи сарнавиштсоз ва минбаъд дар раванди таҳкими давлатдории навини Тоҷикистон саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, барқарор намудани сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ, эҳёи арзишҳои давлатдории миллӣ ва муаррифии Тоҷикистони соҳибистиқлол ниҳоят бузург мебошад.

Маҳз бо ташаббус ва роҳбарии пайгиронаи Пешвои миллат дар солҳои соҳибистиқлолӣ мақоми рамзҳои давлатии Тоҷикистон пайваста таҳким ёфта, эҳтиром ба онҳо ҳамчун ҷузъи муҳими худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ дар ҷомеа густариш пайдо намуд. Парчами давлатӣ дар сиёсати давлатӣ ва маърифати шаҳрвандӣ ҷойгоҳи хоса касб намуда, ба рамзи ваҳдат, истиқлол ва иттиҳоди мардуми Тоҷикистон табдил ёфт.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо сиёсати созанда ва дурбинонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр дар арсаи байналмилалӣ мавқеи устувор пайдо намуда, Парчами давлатии он дар чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ, қароргоҳи созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ва намояндагиҳои дипломатии кишвар ҳамчун рамзи соҳибдавлатии Тоҷикистон парафшон гардид. Аз он рӯз то имрӯз Парчами давлатӣ дар баробари Нишони давлатӣ ва Суруди миллӣ ҳамчун яке аз муқаддасоти давлатдорӣ мақоми хосса дошта, дар қалби шаҳрвандони Тоҷикистон эҳсоси ифтихор, худшиносӣ ва садоқат ба Ватанро таҳким мебахшад.

Имрӯз Парчами давлатии Тоҷикистон дар майдону хиёбонҳо, биноҳои давлатӣ ва маъмурӣ, муассисаҳои таълимӣ ва фарҳангӣ, иншооти иҷтимоӣ ва намояндагиҳои дипломатӣ дар хориҷи кишвар парафшон аст. Парафшонии он дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон аз мавҷудияти давлати соҳибистиқлол, миллати тамаддунофар ва мардуми сулҳдӯсту меҳнатқарини тоҷик гувоҳӣ медиҳад.

Парчами Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ нишонаи обрӯю эътибор ва мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Баланд гардидани мақому эътибори Парчами Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ бо сиёсати сулҳҷӯёна, ташаббусҳои байналмилалӣ ва фаъолияти созандаи давлат таҳти роҳбарии Пешвои миллат робитаи ногусастанӣ дорад. Аз ин рӯ, эҳтиром ба Парчами давлатӣ бояд моро водор созад, ки бо фаъолияти созанда, меҳнати софдилона ва масъулияти баланди шаҳрвандӣ барои таҳкими давлатдорӣ, рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва баланд бардоштани нуфузи Ватани азизамон саҳмгузор бошем.

Ҳамсафони гиромӣ,

Ҳаракати иттифоқҳои касаба ҳамчун ҷузъи муҳими ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои меҳнатӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кормандон, таъмини шароити арзандаи меҳнат, таҳкими адолати иҷтимоӣ ва мусоидат ба рушди муносибатҳои созандаи меҳнатӣ нақши муҳим дорад.

Мо, намояндагони иттифоқҳои касаба, бояд эҳтиром ба Парчами давлатиро танҳо ба маросимҳои идона маҳдуд накарда, онро дар муносибати масъулона ба меҳнат, риояи қонун, ҳимояи ҳуқуқи инсон, садоқат ба Ватан, таҳкими ҳамбастагии иҷтимоӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди ҷомеа нишон диҳем.

Дар ин замина, сиёсати иҷтимоии давлат, таҳкими муносибатҳои меҳнатӣ ва фароҳам овардани шароити муносиб барои фаъолияти меҳнатии шаҳрвандон низ ҷузъи муҳими рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Иттифоқҳои касаба дар ин раванд ҳамчун намояндаи манфиатҳои меҳнаткашон бояд дар доираи қонунгузорӣ ва шарикии иҷтимоӣ нақши фаъол дошта бошанд.

Боварии комил дорем, ки мо бо дарки масъулияти шаҳрвандӣ дар ободонии Ватан, ҳифзи сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ ва фароҳам овардани шароити беҳтари зиндагӣ барои мардум саҳми арзандаи худро мегузорад. Зеро эҳтиром ба Парчами давлатӣ танҳо бо сухан маҳдуд намешавад, балки пеш аз ҳама дар рафтору кирдор, меҳнати созанда, масъулиятшиносӣ ва садоқат ба манфиатҳои давлату миллат зоҳир мегардад.

Мо вазифадорем, ки ин рамзи муқаддаси давлатдориро ҳамчун нишонаи ваҳдату ягонагӣ, ифтихори миллӣ ва пайванди наслҳо гиромӣ дошта, эҳтироми онро дар қалби ҷавонон ва насли наврас низ тақвият бахшем. Зеро насли ояндасоз бояд бо дарки арзиши истиқлолу озодӣ, эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ ба камол расад.

Ҳамкорони азиз!

Дар ин рӯзи фархунда бори дигар ҳамаи Шуморо самимона табрик гуфта, саломатии бардавом, умри бобаракат ва дар фаъолияти пурсамари меҳнатиатон будбориҳо орзу менамоям.

Бигзор, Парчами давлатии Тоҷикистони маҳбубамон ҳамеша парафшон, осмони Ватани азизамон софу беғубор, фазои сулҳу субот пойдор ва қадамҳои мардуми сарбаланди кишвар дар роҳи созандагию ободонӣ устувор бошанд!

Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак, ҳамкорони азиз!

Leave a Comment

Your email address will not be published.