МУСОБИҚАИ ВАРЗИШИИ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБАИ ТОҶИКИСТОН

МУСОБИҚАИ ВАРЗИШИИ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБАИ ТОҶИКИСТОН

Аз ҷониби роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва бо ибтикори Кумитаи иттифоқи касабаи донишгоҳ дар ҳамкорӣ бо шуъбаи кор бо ҷавонон миёни донишҷӯёни муассиса мусобиқаи варзишӣ аз намуди волейбол бахшида ба Рӯзи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон, ки ҳамасола 24 октябр таҷлил мегардад, баргузор шуд.

Мусобиқа бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби ҷавонон ба машғулиятҳои варзишӣ, таҳкими дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ миёни донишҷӯён ва рушди ҳамкории дастаҷамъона роҳандозӣ гардида, барои муайян намудани беҳтарин дастаҳои донишҷӯӣ имконияти мусоид фароҳам овард. Чунин чорабиниҳо дар баробари таҳкими омодагии ҷисмонии ҷавонон, инчунин ба баланд бардоштани рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ, масъулиятшиносӣ ва эҳтиром ба арзишҳои варзиш мусоидат мекунанд.

Маросими ҷамъбасти мусобиқа 17 октябри соли 2026 бо иштироки намояндагони Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ ва кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш баргузор гардид. Дар мусобиқа донишҷӯёни факултетҳои гуногуни донишгоҳ иштирок намуда, дар фазои дӯстона ва рақобати солими варзишӣ маҳорати худро нишон доданд. Ҳузури теъдоди зиёди донишҷӯён ба чорабинӣ шаҳомати хос бахшида, аз таваҷҷуҳи ҷавонон ба варзиш ва ташаббусҳои донишгоҳӣ шаҳодат медод.

Дар натиҷаи рақобатҳои варзишӣ дастаи факултети стоматология сазовори ҷойи аввал гардид. Дастаи факултети молиявию иқтисодӣ ҷойи дуюмро ишғол намуда, дастаи факултети таърих мақоми сеюмро соҳиб шуд. Дар анҷоми мусобиқа ғолибон аз ҷониби кумитаи тадорукот бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд. Баргузории чунин чорабиниҳои варзишӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба рушди ҳаракати донишҷӯён, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва таҳкими ҳамкории сохторҳои донишгоҳӣ мусоидат намуда, ҳамзамон ба гиромидошти Рӯзи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ва баланд бардоштани нақши иттифоқҳои касаба дар ҳаёти ҷамъиятӣ бахшида шудааст.

Leave a Comment

Your email address will not be published.