ВУРУДИ НОМАҲОИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА

ВУРУДИ НОМАҲОИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА

Ба муносибати Рӯзи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон, ки ҳамасола 24 октябр таҷлил мегардад, ба унвони раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Қараохон Чиллазода аз номи роҳбарони ташкилотҳои иттифоқҳои касаба ва созмонҳои байналмилалӣ номаҳои шодбошӣ ворид шуда истодаанд.

Дар номаҳои воридшуда саҳми Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон дар ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои иҷтимоию иқтисодии кормандон, таъмини шароити муносиб ва музди арзандаи меҳнат, таҳкими кафолатҳои иҷтимоӣ ва пешбурди муколамаи иҷтимоӣ баланд арзёбӣ гардидааст. Шарикони Федератсия ақши иттифоқҳои касабаро дар таъмини адолати иҷтимоӣ, ҳимояи ҳуқуқҳои меҳнаткашон ва беҳтар намудани шароити зиндагии онҳо муҳим арзёбӣ намуда, ба фаъолияти минбаъдаи Федератсия муваффақиятҳо таманно кардаанд.

Аз ҷумла, аз номи Созмони байналмилалии меҳнат мутахассиси калони масъалаҳои кормандони Гурӯҳи дастгирии техникӣ оид ба масъалаҳои меҳнати шоиста ва Бюрои Созмони байналмилалии меҳнат барои кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ Гоча Александрия ба унвони раиси Федератсия номаи табрикотӣ ирсол кардааст. Дар он омадааст:

“Муҳтарам Қарахон Чиллазода!

Ба муносибати Рӯзи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон, ки 24 октябр таҷлил мегардад, мехоҳам ба Шумо, аъзои Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва ҳамаи аъзои иттифоқҳои касаба табрикоти самимии худро расонам. Ин рӯз фурсати муҳимест барои қадрдонӣ аз саҳми иттифоқҳои касаба дар рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, дар ҳифзи ҳуқуқҳои кормандон ва намояндагӣ аз манфиатҳои онҳо, инчунин таъкид кардани нақши калидии иттифоқҳои касаба дар пешбурди муколамаи иҷтимоӣ. Овози кормандон ҳамеша дар қабули қарорҳое, ки ба соҳаи меҳнат таъсир мерасонанд, аҳаммияти калон дорад.

Бо рушди минбаъдаи иқтисоди Тоҷикистон иттифоқҳои касаба вазифаи муҳимми иҷтимоиро ба зимма гирифта, дар таъмини тақсимоти одилонаи дастовардҳои иқтисодӣ ва баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат нақши фаъол мебозанд. Пешрафти иқтисодӣ бояд дар афзоиши музди меҳнати муносиб ва беҳтар гардидани шароити меҳнат, ҳифзи иҷтимоии кормандон ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии онҳо инъикос ёбад. Дар ин раванд Федератсияи иттифоқҳои касаба ва аъзои он дар таъмини тақсимоти одилонаи натиҷаҳои рушди иқтисодӣ нақши муҳим доранд ва ба он мусоидат мекунанд, ки пешрафти иқтисодӣ бо пешрафти иҷтимоӣ ҳамоҳанг бошад. Ин нақш, махсусан, имрӯз аҳаммияти бештар пайдо мекунад, зеро соҳаи меҳнат ҳамзамон тағйироти технологӣ, демографӣ, иқтисодӣ ва иқлимиро аз сар мегузаронад. Ин тағйирот ҳам имкониятҳои нав ва ҳам хатарҳои ҷиддиро барои шуғл ва ҳифзи иҷтимоӣ ба вуҷуд меоранд. Гузариши одилона, ки иштироки фаъолонаи иттифоқҳои касабаро дар раванди тағйирот пешбинӣ мекунад, ба он мусоидат менамояд, ки натиҷаҳои ин дигаргуниҳо ба рушди муносиб ва шоистаи меҳнат мусоидат кунанд.

Бюрои Созмони байналмилалии меҳнат оид ба фаъолияти кормандон ҳамкории муштаракро бо Шумо баҳои баланд медиҳад. Мо омодаем ҳамкории минбаъдаро идома диҳем, ки ба таҳкими иқтидори иттифоқҳои касаба, ҳимояи самараноки манфиатҳои кормандон, пешбурди муколамаи иҷтимоӣ, таъмини меҳнати шоиста ва рушди адолати иҷтимоӣ дар Тоҷикистон равона шудааст.

Дар ин рӯзи фархунда ба Федератсия, ҳамаи ташкилотҳои узви он ва тамоми иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон дар фаъолияти минбаъдаашон комёбиҳо, ҳамбастагӣ ва таҳкими ташкиливу созмонӣ таманно дорам. Табрикоти самимии маро ба муносибати Рӯзи иттифоқҳои касаба қабул фармоед. Ба Шумо ва ҳамаи ҳамкоронатон беҳтарин орзуҳоро изҳор менамоям».

Ҳамчунин, аз номи Конфедератсияи умумиҷаҳонии иттифоқҳои касаба номаи шодбошии котиби генералии он Виктор Витальевич Пинский ворид гардидааст. Дар нома омадааст:

«Муҳтарам Қарахон Чиллазода!

Аз номи Конфедератсияи умумии иттифоқҳои касаба ва шахсан аз номи худам Шумо ва дар симои Шумо тамоми фаъолони иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба муносибати иди касбӣ – Рӯзи кормандони иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон самимона табрик менамоям!

Ин рӯзи фархунда, ки ҳамасола 24 октябр таҷлил мегардад, нақши муҳими иттифоқҳои касабаро дар ҳаёти ҷомеа ва давлат таъкид менамояд. Мо фаъолияти ташкилоти Шуморо дар самти ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои иҷтимоию иқтисодии меҳнаткашон, мусоидат ба таъмини шароити муносиб ва музди арзандаи меҳнат, инчунин таҳкими кафолатҳои иҷтимоии кормандон баланд арзёбӣ менамоем.

Муносибатҳои дӯстӣ ва эҳтироми мутақобила, ки байни Конфедератсияи умумии иттифоқҳои касаба ва Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ташаккул ёфтаанд, минбаъд низ рушд мекунанд. Итминон дорам, ки ҳамкории судманди мо дар оянда низ ба ҳифзи манфиатҳои меҳнаткашони кишварҳоямон хизмат хоҳад кард.

Ба Шумо, муҳтарам Қарахон Чиллазода, инчунин ба тамоми фаъолони Федератсия саломатии бардавом, рӯзгори обод ва муваффақиятҳои нав дар фаъолияти корӣ орзу менамоям!»

Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон низ бо ирсоли номаи табрикотӣ Шӯрои роҳбарияти Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва аъзои иттифоқҳои касабаи кишварро ба муносибати иди касбӣ самимона табрик гуфтааст. Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон Рафиқов Қудратилла Мирсагатович дар номаи худ сатҳи баланди ҳамкориҳои мутақобилан судманди созмонҳои иттифоқҳои касабаи ду кишварро таъкид намуда, изҳори итминон кардааст, ки муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории судманд минбаъд низ ба манфиати меҳнаткашони ҳар ду давлат рушд хоҳанд кард. Дар нома аз ҷумла омадааст:

“Муҳтарам Қарахон Чиллазода!

Бо камоли хушнудӣ Шуморо ва дар симои Шумо беш аз як миллион нафар аъзои иттифоқҳои касабаи Тоҷикистони бародарро ба муносибати ҷашни фархунда – Рӯзи кормандони иттифоқҳои касаба самимона табрик мегӯям.

Имрӯз мо шоҳид ва иштирокчиёни воқеии дигаргуниҳои бузурге мебошем, ки тайи даҳ соли охир дар муносибатҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон ба амал омадаанд. Ин дигаргуниҳо комилан ба манфиатҳои миллӣ ва давлатии ҳар ду кишвар ҷавобгӯ буда, ба интизориҳои ҳаётии халқҳои ба ҳам хешу бародари мо мувофиқат мекунанд.

Мо сатҳи баланди ҳамкориҳои мутақобилан судманди созмонҳои иттифоқҳои касабаи кишварҳоямонро, ки ба татбиқи амалии сиёсати ҳамаҷонибаи наздикшавии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон равона гардидааст, бо қаноатмандӣ таъкид менамоем. Ин сиёсат аз ҷониби президентҳои муҳтарамамон Шавкат Миромонович Мирзиёев ва Эмомалӣ Шарифович Раҳмон муайян гардидааст.

Мо аз дастовардҳои иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон, ки бузургтарин ташкилоти ҷамъиятии кишвар буда, манфиатҳо ва ҳуқуқҳои қонунии меҳнаткашонро ба таври муассир ҳимоя менамоянд, самимона шодем. Бо истифода аз ин фурсати муносиб, табрикоти самимӣ ва таманниёти гарму самимии худро ба иттифоқҳои касабаи Тоҷикистони дӯст ҷиҳати ба даст овардани муваффақиятҳои минбаъда мерасонем. Ба меҳнаткашон ва тамоми мардуми сермиллати Ҷумҳурии Тоҷикистон сулҳу осоиш, хушбахтӣ ва рӯзгори обод орзумандем”.

Инчунин, дар ин рӯз аз номи Федератсияи иттифоқҳои касабаи Қазоқистон низ ба унвони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон номаи шодбошӣ ирсол шудааст. Раиси ин ташкилот Сатыбалды Телагысович Даулеталин аз номи иттифоқҳои касабаи Қазоқистон ҳамаи аъзои ҳаракати иттифоқҳои касабаи Тоҷикистонро табрик намуда, ба таҳкими дӯстӣ, ҳамбастагӣ ва ҳамкории касбӣ байни иттифоқҳои касабаи ду кишвар изҳори умедворӣ кардааст. Дар нома аз ҷумла омадааст:

“Муҳтарам Чиллазода Қарохон!

Аз номи Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Қазоқистон самимона ҳамаи аъзои ҳаракати иттифоқҳои касабаи Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи иттифоқҳои касаба табрик мегӯям!

Ин ҷашн одамонеро муттаҳид месозад, ки ҳамарӯза дар баробари кормандон заҳмат кашида, барои таъмини шароити арзандаи меҳнат ва некӯаҳволии ҳар як оила талош мекунанд. Фаъолияти Шумо барои таҳкими адолати иҷтимоӣ ва рушди ҳаракати иттифоқҳои касаба аҳаммияти бузург дорад.

Мо дӯстӣ ва ҳамкории байни иттифоқҳои касабаи Қазоқистон ва Тоҷикистонро қадр менамоем. Он моро дар атрофи ҳадафҳои муштарак, эҳтироми мутақобила ва ҳамбастагии касбӣ муттаҳид месозад. Боварӣ дорем, ки муносибатҳои неки мо боз ҳам таҳким ёфта, талошҳои муштаракамон натиҷаҳои нав ба бор хоҳанд овард.

Аз самими қалб ба ҳамаи рафиқони иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон саломатии бардавом, хушбахтӣ, некӯаҳволӣ ва ободиро таманно дорем! Бигзор дар ҳар як оила гармӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ ҳукмфармо бошад, дар кор муваффақияту комёбиҳо ҳамсафари Шумо гарданд ва дар сафҳои касабавӣ ҳамеша ягонагӣ, дастгирии ҳамдигар ва эътимод ба фардои нек ҳукмрон бошанд.

Бо ҷашн, дӯстони азиз! Бигзор дӯстӣ ва ҳамбастагии иттифоқҳои касабаи мо боз ҳам мустаҳкамтар гардида, дар пеш моро дастовардҳои муштарак ва корҳои неки зиёд интизор бошанд!”

Номаҳои шодбошии воридшуда бозгӯи эҳтиром ва эътирофи фаъолияти иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, инчунин нишонаи таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо ташкилоту созмонҳои ҳамсоякишварҳо ва ниҳодҳои байналмилалӣ мебошанд.

Вуруди номаҳои табрикотӣ ва шодбошӣ ба унвони раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Қарохон Чиллазода ба муносибати Рӯзи иттифоқҳои касаба идома дорад.

Leave a Comment

Your email address will not be published.