РӮЗҲОИ ИСТИРОҲАТӢ ДАР МОҲИ ИЮН

РӮЗҲОИ ИСТИРОҲАТӢ ДАР МОҲИ ИЮН

Мутобиқи моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рўзҳои ид» – Рӯзи иди Қурбон – ҳар сол дар рӯзе, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба дин муқаррар карда мешавад, таҷлил карда шуда, рўзи ғайрикорӣ муқаррар карда шудааст.

Имсол – 16 июн (якшанбе) – Иди Қурбон ҷашн гирифта шуда, рӯзи ғайрикорӣ дониста мешаванд.

Дар асоси қисми 1моддаи 89 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон истироҳат дар рўзҳои иди ғайрикорӣ мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рўзҳои ид» муайян карда мешавад.

Қисми 5 моддаи 89 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, ки агар рўзи истироҳат ба рўзи иди ғайрикорӣ рост ояд, рўзи истироҳат ба рўзи аввали кории баъд аз рўзи иди ғайрикорӣ гузаронида мешавад. Бо ҳамин назардошт, ба кормандоне, ки реҷаи 5 рўзаи ҳафтаи корӣ доранд, 15 июн (шанбе); 16 июн (якшанбе- Рўзи Иди Қурбон) ва 17 июн (душанбе) рўзҳои истироҳатӣ ҳисобида мешаванд.

Leave a Comment

Your email address will not be published.