24 октябри соли 2026 дар маҷлисгоҳи Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи иттифоқҳои касаба чорабинии тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти Федератсия, намояндагони сохторҳои иттифоқҳои касаба, кормандон ва фаъолони ҳаракати иттифоқҳои касабаи кишвар иштирок намуданд.
Чорабинии идона ба гиромидошти меҳнати софдилонаи кормандони соҳа, қадршиносии саҳми фаъолони ҳаракати иттифоқҳои касаба ва таҳкими арзишҳои ҳамбастагӣ, масъулиятшиносӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои меҳнаткашон бахшида шуда, дар фазои тантанавӣ ва эҳтиром ба заҳмати инсон баргузор гардид.
Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон муҳтарам Қарахон Чиллазода зимни суханронии ифтитоҳӣ ҳозирин ва дар симои онҳо тамоми аъзои иттифоқҳои касабаи кишварро ба муносибати Рӯзи иттифоқҳои касаба самимона табрик гуфта, ба онҳо саломатии бардавом, саодати рӯзгор, дар фаъолияти меҳнатӣ муваффақият ва дар роҳи ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кормандон комёбиҳои нав орзу намуданд.
Дар суханронӣ таъкид гардид, ки иттифоқҳои касаба ҳамчун ниҳоди муҳими ҷамъиятӣ дар ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои меҳнатӣ ва иҷтимоии кормандон, мусоидат ба беҳтар намудани шароити меҳнат, таҳкими кафолатҳои иҷтимоӣ ва рушди муносибатҳои шарикии иҷтимоӣ мавқеи муҳим доранд. Фаъолияти ин ниҳод дар заминаи сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қадамҳои устувор пеш рафта, ба фароҳам овардани шароити арзандаи меҳнат ва густариши ҳамкории созанда миёни кормандон, корфармоён ва мақомоти дахлдор равона гардидааст.
Раиси Федератсия зикр намуданд, ки дар шароити тағйирёбии муносибатҳои меҳнатӣ ва афзоиши талабот ба сифати ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кормандон масъулияти ташкилотҳои иттифоқҳои касаба боз ҳам бештар мегардад. Дар ин робита, тақвияти фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аъзои иттифоқҳои касаба, ҳимояи пайгиронаи манфиатҳои қонунии кормандон, рушди муколамаи иҷтимоӣ ва ҷалби фаъоли ҷавонон ба ҳаракати иттифоқҳои касаба аз ҷумлаи самтҳои афзалиятноки фаъолияти минбаъда арзёбӣ гардиданд.
Қайд карда шуд, ки нерумандии ҳаракати иттифоқҳои касаба, пеш аз ҳама, дар ҳамбастагӣ, масъулиятшиносӣ, ташаббускорӣ ва иштироки фаъоли аъзои он таҷассум меёбад. Фаъолияти мақсадноки ташкилотҳои иттифоқҳои касаба имкон фароҳам меорад, ки масъалаҳои марбут ба ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнатӣ, беҳтар намудани шароити кор, дастгирии иҷтимоии кормандон ва пешгирии баҳсҳои меҳнатӣ сари вақт баррасӣ гардида, барои ҳалли онҳо тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.
Қисмати тантанавии чорабинӣ бо қадрдонии кормандон ва фаъолони ҳаракати иттифоқҳои касаба идома ёфт. Ба як қатор намояндагони соҳа барои фаъолияти пурсамар, меҳнати софдилона, саҳми арзанда дар рушди ҳаракати иттифоқҳои касаба ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои меҳнатӣ мукофотҳои пулӣ, ифтихорнома ва сипосномаҳои Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва нишони «Фаъоли иттифоқи касаба» тақдим карда шуданд. Ин қадрдонӣ нишонаи эҳтиром ба заҳмати содиқона, масъулиятшиносӣ ва саҳми арзандаи кормандону фаъолон дар пешбурди фаъолияти иттифоқҳои касаба буда, барои идомаи ташаббусҳои созанда, таҳкими ҳамбастагии касбӣ ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти ташкилотҳои иттифоқҳои касаба заминаи мусоид фароҳам меорад.
Таҷлили Рӯзи иттифоқҳои касаба бори дигар аҳаммияти ҳамбастагии меҳнатӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кормандон ва таҳкими нақши иттифоқҳои касабаро дар рушди муносибатҳои меҳнатӣ ва иҷтимоӣ таъкид намуда, барои идомаи фаъолияти созанда ба манфиати аъзои иттифоқҳои касаба ва ҷомеа ҳадафҳои нав муайян менамояд.








