Ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои меҳнатӣ, таъмини адолати иҷтимоӣ ва таҳкими шарикии иҷтимоӣ аз ҷумлаи меъёрҳои арзишманди конститутсионии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба шумор мераванд. Дар татбиқи ин арзишҳо Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди намояндагӣ ва ҳомии манфиатҳои меҳнаткашон нақши муҳим дорад.
Конститутсия ҳамчун қонуни асосии давлат ифодагари иродаи халқ, кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, муайянкунандаи асосҳои сохтори давлатдорӣ ва танзимкунандаи муносибатҳои муҳими ҷамъиятӣ мебошад. Моҳияти иҷтимоии Конститутсия пеш аз ҳама дар он зоҳир мегардад, ки инсон, ҳуқуқу озодиҳо, шаъну шараф ва манфиатҳои ӯро дар маркази таваҷҷуҳи давлат қарор медиҳад. Аз ин лиҳоз, ҳифзи ҳуқуқи инсон дар соҳаи меҳнат яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ва нишондиҳандаи сатҳи рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ ба ҳисоб меравад.
Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи шаҳрвандон ба меҳнат, интихоби озодонаи касбу кор, ҳифзи меҳнат ва ҳимояи иҷтимоӣ ва ҳуқуқи муттаҳидшавӣ, аз ҷумла ташкили иттифоқҳои касаба кафолат дода шудааст. Ин арзишҳои конститутсионӣ маҳз бо ташаббус ва роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, барои ташаккули низоми устувори муносибатҳои меҳнатӣ ва ҳифзи манфиатҳои кормандон замина гузоштаанд. Пешвои миллат пайваста таъкид мекунанд, ки иттифоқҳои касаба бояд рисолати худро дар ҳифзи манфиатҳои меҳнаткашон, таҳкими сулҳу субот ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ барои ҳар як корманд анҷом диҳанд. Маҳз дар ҳамин замина Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ҳамчун шарики иҷтимоии боэътимод дар амалисозии сиёсати иҷтимоӣ ва меҳнатии давлат нақши муҳим дорад.
Меҳнат дар ҳаёти инсон мақоми махсус дорад. Он воситаи таъмини зиндагии шоиста, сарчашмаи даромади оила, омили ташаккули шахсият, рушди қобилиятҳои касбӣ ва иштироки фаъолона дар ҳаёти иқтисодию иҷтимоии ҷомеа мебошад. Ҳар як корманд бо меҳнати софдилони худ дар пешрафти корхона, муассиса, ташкилот ва дар маҷмӯъ рушди иқтисоди миллӣ саҳм мегузорад. Аз ин рӯ, эҳтиром ба меҳнат ва меҳнаткаш, таъмини шароити муносибу бехатари кор, пардохти одилонаи музди меҳнат ва ҳифзи манфиатҳои кормандон бояд дар меҳвари муносибатҳои меҳнатӣ қарор дошта бошанд. Маҳз ҳамин арзишҳо дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷассум ёфтаанд. Қонуни асосӣ ҳуқуқи шаҳрвандонро ба меҳнат, интихоби озодонаи касбу кор, ҳифзи меҳнат ва ҳимояи иҷтимоӣ ҳангоми бекорӣ эътироф намуда, барои ташаккули низоми муносибатҳои меҳнатии бар пояи адолат ва баробарҳуқуқӣ асоси устувор фароҳам овардааст.
Моддаи 35-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз меъёрҳои калидии ҳуқуқии танзимкунандаи муносибатҳои меҳнатӣ мебошад. Тибқи муқаррароти он ҳар кас ба меҳнат, интихоби касбу кор, ҳифзи меҳнат ва ҳимояи иҷтимоӣ ҳангоми бекорӣ ҳуқуқ дорад. Ҳамчунин, дар ин модда таъкид шудааст, ки музди кор аз ҳадди ақали музди меҳнат набояд кам бошад, дар муносибатҳои меҳнатӣ ҳама гуна маҳдудият манъ буда, барои иҷрои кори якхела музди баробар дода мешавад. Манъи меҳнати маҷбурӣ низ аз кафолатҳои муҳими ин модда ба ҳисоб меравад. Мазмуни ин меъёрҳои конститутсионӣ фарогир буда, ҳуқуқи меҳнатро танҳо ба имконияти соҳиби ҷойи кор шудан маҳдуд намекунад. Ин ҳуқуқ маҷмӯи кафолатҳоеро дар бар мегирад, ки ба инсон имконият медиҳанд дар шароити муносиб фаъолият намояд, аз натиҷаи меҳнати худ музди сазовор гирад, аз муносибати табъизомез эмин бошад ва дар сурати ба миён омадани мушкилоти меҳнатӣ аз ҳимояи ҳуқуқӣ бархӯрдор гардад. Ба ибораи дигар, ҳуқуқ ба меҳнат дар заминаи конститутсионӣ ҳам ҳуқуқи дастрасӣ ба фаъолияти меҳнатӣ ва ҳам ҳуқуқи ҳифзи манфиатҳои инсон дар раванди иҷрои онро ифода мекунад.
Масъалаи мазкур дар шароити рушди муносибатҳои иқтисодӣ, тағйирёбии бозори меҳнат, ҷорӣ гардидани технологияҳои муосир ва ташаккули шаклҳои нави шуғл аҳаммияти бештар пайдо менамояд. Имрӯз муносибатҳои меҳнатӣ бо масъалаҳои гуногун, аз ҷумла таъмини шуғли устувор, пардохти саривақтии музди меҳнат, ҳифзи саломатии кормандон, танзими вақти корӣ, кафолатҳои иҷтимоӣ, такмили ихтисос ва мутобиқшавӣ ба талаботи бозори меҳнат алоқаманд мебошанд. Ҳалли дурусти ин масъалаҳо муносибати масъулонаи корфармо, корманд, мақомоти давлатӣ ва намояндагони иттифоқҳои касабаро тақозо мекунад. Дар ин замина, моддаи 37-и Конститутсия низ аҳаммияти махсус дорад. Он ҳуқуқи шаҳрвандонро ба истироҳат кафолат дода, таъмини онро тавассути муқаррар намудани ҳафта ва рӯзи корӣ, рухсатии ҳарсолаи пардохтшаванда, рӯзҳои истироҳати ҳарҳафтаина ва дигар шароитҳои пешбининамудаи қонун муайян мекунад. Ин меъёр аз он шаҳодат медиҳад, ки меҳнат ва истироҳат ду ҷузъи ба ҳам алоқаманди ҳаёти инсон буда, таъмини мувозинати байни онҳо барои ҳифзи саломатӣ, қобилияти корӣ ва фаъолияти босамари кормандон зарур мебошад.
Ҳуқуқ ба истироҳат аз назари муносибатҳои иҷтимоӣ аҳаммияти васеъ дорад. Корманде, ки имконияти истироҳати муносиб, истифодаи рухсатии меҳнатӣ ва барқарор намудани неруи ҷисмонию зеҳнии худро дорад, метавонад вазифаҳои касбии худро бо масъулияти бештар иҷро намояд. Аз ин рӯ, назорат аз болои риояи меъёрҳои вақти корӣ, пешгирии ҷалби беасоси кормандон ба корҳои изофагӣ ва таъмини истифодаи воқеии рухсатии меҳнатӣ аз самтҳои муҳими фаъолияти намояндагони иттифоқҳои касаба маҳсуб мешаванд.
Ҳамзамон, кафолатҳои конститутсионии ҳуқуқ ба меҳнат бо дигар ҳуқуқҳои иҷтимоии инсон робитаи ногусастанӣ доранд. Ҳуқуқ ба ҳифзи саломатӣ, таъминоти иҷтимоӣ, таҳсил ва дигар ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ дар ташаккули шароити зиндагии шоиста нақши муҳим мебозанд. Аз ин ҷиҳат, муносибатҳои меҳнатиро наметавон танҳо ҳамчун робитаи иқтисодии байни корманд ва корфармо баррасӣ кард. Онҳо муносибатҳои иҷтимоӣ буда, ба сатҳи некӯаҳволии аҳолӣ, суботи оила, рушди захираҳои инсонӣ ва устувории ҷомеа таъсири бевосита мерасонанд.
Яке аз принсипҳои муҳими давлати ҳуқуқбунёд эътирофи ҳуқуқи шаҳрвандон ба муттаҳидшавӣ мебошад. Маҳз ин ҳуқуқ имконият медиҳад, ки шаҳрвандон бо мақсади ҳимояи манфиатҳои умумӣ, пешбурди ташаббусҳои иҷтимоӣ ва иштироки фаъолона дар муносибатҳои ҷамъиятӣ иттиҳодияҳо таъсис диҳанд. Барои кормандон чунин шакли муттаҳидшавӣ пеш аз ҳама дар фаъолияти иттифоқҳои касаба таҷассум меёбад. Моддаи 28-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи шаҳрвандонро ба муттаҳид шудан, аз ҷумла таъсиси иттифоқҳои касабаро кафолат медиҳад. Ин муқаррарот барои фаъолияти мустақилонаи иттифоқҳои касаба заминаи конститутсионӣ фароҳам оварда, иштироки кормандонро дар ҳимояи манфиатҳои меҳнатӣ ва иҷтимоию иқтисодии худ таъмин менамояд. Аҳаммияти ин ҳуқуқ дар он зоҳир мегардад, ки кормандон тавассути иттифоқҳои касаба метавонанд манфиатҳои худро ба таври муташаккилона намояндагӣ кунанд, дар баррасии масъалаҳои меҳнатӣ иштирок намоянд ва бо корфармоён дар асоси муколама ва шарикии иҷтимоӣ муносибат барқарор созанд. Агар корманд дар доираи муносибатҳои меҳнатӣ бо масъалае рӯ ба рӯ гардад, ки ҳалли он танҳо бо имкониятҳои шахсии ӯ мушкил аст, иттифоқи касаба метавонад ҳамчун намояндаи манфиатҳои ӯ баромад кунад.
Иттифоқҳои касаба дар низоми муносибатҳои меҳнатӣ вазифаи миёнаравии одиро иҷро намекунанд. Онҳо ниҳоди ҷамъиятии мустақил буда, дар доираи ваколатҳои қонунӣ ҳуқуқу манфиатҳои аъзои худро ҳимоя мекунанд. Мақсади фаъолияти онҳо фароҳам овардани шароите мебошад, ки дар он муносибатҳои меҳнатӣ бар пояи эҳтироми тарафайн, масъулияти иҷтимоӣ, адолат ва риояи қонун ба роҳ монда шаванд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттифоқҳои касаба», ки 2 августи соли 2011 қабул гардида, тағйиру иловаҳои минбаъдаро низ дар бар мегирад, асосҳои ҳуқуқии таъсис, фаъолият ва кафолатҳои иттифоқҳои касабаро муайян мекунад. Тибқи ин қонун, иттифоқи касаба ташкилоти ҷамъиятии ихтиёриест, ки шаҳрвандонро аз рӯйи манфиатҳои умумӣ дар соҳаҳои фаъолияти истеҳсолӣ ва ғайриистеҳсолӣ бо мақсади ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнатӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва дигар ҳуқуқу манфиатҳои аъзои худ муттаҳид менамояд. Ин таърифи ҳуқуқӣ моҳияти иҷтимоӣ ва вазифавии иттифоқҳои касабаро равшан инъикос менамояд. Ихтиёрӣ будани узвият, мустақилияти ташкилӣ, намояндагии манфиатҳои умумӣ ва ҳимояи ҳуқуқҳои кормандон аз ҷумлаи хусусиятҳои асосии чунин иттиҳодияҳо мебошанд. Маҳз тавассути ин принсипҳо иттифоқҳои касаба метавонанд фаъолияти худро дар асоси талаботи воқеии кормандон ба роҳ монда, масъалаҳои меҳнатӣ ва иҷтимоиро ба таври мушаххас мавриди баррасӣ қарор диҳанд.
Мақоми иттифоқҳои касаба дар он зоҳир мегардад, ки онҳо ба таҳкими фарҳанги ҳуқуқии кормандон мусоидат мекунанд. Огоҳии корманд аз ҳуқуқу уҳдадориҳои худ, тартиби бастан ва бекор кардани шартномаи меҳнатӣ, меъёрҳои вақти корӣ, кафолатҳои пардохти музди меҳнат ва тартиби ҳалли баҳсҳои меҳнатӣ имконият медиҳад, ки муносибатҳои меҳнатӣ дар асоси талаботи қонун ба роҳ монда шаванд. Аз ин рӯ, фаъолияти фаҳмондадиҳӣ ва машваратии иттифоқҳои касаба аз ҳимояи ҳуқуқии кормандон камарзиштар нест.
Яке аз роҳҳои муҳимми татбиқи кафолатҳои конститутсионӣ дар муносибатҳои меҳнатӣ рушди шарикии иҷтимоӣ мебошад. Шарикии иҷтимоӣ низоми ҳамкории кормандон ва намояндагони онҳо, корфармоён ва мақомоти дахлдори давлатиро дар самти танзими муносибатҳои меҳнатӣ ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар бар мегирад. Моҳияти он дар ҳамоҳангсозии манфиатҳои тарафҳо, пешгирии ихтилофҳо, пайдо намудани роҳҳои қобили қабули ҳалли мушкилот ва таъмини муҳити солими меҳнатӣ ифода меёбад. Дар шароити муосир шарикии иҷтимоӣ яке аз воситаҳои муассири таъмини суботи муносибатҳои меҳнатӣ ба ҳисоб меравад. Корманд ба музди муносиб, кафолатҳои иҷтимоӣ, шароити бехатари меҳнат ва устувории ҷойи кор манфиатдор аст. Корфармо бошад, ба баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат, самаранокии истеҳсолот, истифодаи оқилонаи захираҳо ва таъмини рақобатпазирии фаъолияти ташкилот таваҷҷуҳ дорад. Шарикии иҷтимоӣ имкон медиҳад, ки ин манфиатҳо дар доираи муколамаи созанда ва талаботи қонунгузорӣ ба ҳам наздик карда шаванд. Дар ин раванд Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди муттаҳидкунандаи сохторҳои иттифоқҳои касаба ва намояндаи манфиатҳои меҳнаткашон мавқеи муҳим дорад.
Рушди иқтисодиёт, рақамикунонии истеҳсолот, ҷорӣ гардидани технологияҳои нав ва тағйирёбии шаклҳои шуғл муносибатҳои меҳнатиро ба марҳилаи нави рушд ворид намудаанд. Имрӯз кормандон дар баробари шаклҳои анъанавии фаъолияти меҳнатӣ бо имкониятҳо ва мушкилоти нав, аз ҷумла шуғли фосилавӣ, истифодаи технологияҳои рақамӣ, тағйирёбии талаботи касбӣ ва зарурати такмили доимии донишҳои тахассусӣ рӯ ба рӯ мебошанд. Дар чунин шароит ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнатӣ низ бояд ба талаботи замон мутобиқ карда шавад. Махсусан, масъалаҳои танзими муносибатҳои меҳнатӣ дар фазои рақамӣ, ҳифзи маълумоти шахсии кормандон, таъмини ҳуқуқ ба истироҳат ҳангоми фаъолияти фосилавӣ, пешгирии сарбории аз ҳад зиёди меҳнатӣ ва таъмини имкониятҳои баробар барои шуғл аҳаммияти бештар пайдо мекунанд. Иттифоқҳои касаба бояд ин равандҳоро пайваста омӯзанд ва ҳангоми баррасии масъалаҳои меҳнатӣ манфиатҳои кормандонро бо дарназардошти шароити нави иқтисодию технологӣ намояндагӣ кунанд. Дар ин самт баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва рақамии кормандон, омӯзиши санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, омодасозии тавсияҳои соҳавӣ ва густариши ҳамкориҳои иҷтимоӣ аҳаммияти муҳим доранд.
Ҳамчунин, масъалаи омодасозии кадрҳои соҳибкасб ва мутобиқ намудани онҳо ба талаботи бозори меҳнат бо ҳифзи ҳуқуқҳои кормандон робитаи мустақим дорад. Корманде, ки имконияти такмили ихтисос, бозомӯзӣ ва азхуд намудани технологияҳои навро дорад, метавонад мавқеи касбии худро устувор нигоҳ дошта, дар шароити тағйирёбандаи иқтисодиёт рақобатпазир бошад. Аз ин рӯ, дастгирии ташаббусҳои марбут ба омӯзиши касбӣ, рушди малакаҳои меҳнатӣ ва фароҳам овардани шароити муносиб барои пешрафти касбии кормандон низ бояд яке аз самтҳои муҳими фаъолияти иттифоқҳои касаба бошад.
Дар баробари ин, зарурати таҳкими фарҳанги ҳуқуқии меҳнаткашон ба миён омадааст. Баъзан кормандон аз ҳуқуқҳои дар қонунгузорӣ пешбинишуда, тартиби ҳимояи онҳо ва имкониятҳои муроҷиат ба мақомоти дахлдор огоҳии кофӣ надоранд. Ин ҳолат метавонад боиси сари вақт ҳал нагардидани мушкилот ва поймол шудани манфиатҳои қонунии онҳо гардад. Аз ин рӯ, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон минбаъд низ фаъолияти иттилоотию фаҳмондадиҳиро ҳамчун ҷузъи муҳими ҳимояи ҳуқуқҳои меҳнатӣ идома медиҳад. Нашри мақолаҳои таҳлилӣ, шарҳи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, омодасозии маводи тавзеҳӣ, баргузории семинару машваратҳо ва истифодаи имкониятҳои сомонаи расмӣ барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии кормандон мусоидат менамоянд. Ҳар қадар кормандон ҳуқуқҳои худро хубтар донанд, ҳамон андоза имконияти ҳимояи онҳо дар муносибатҳои меҳнатӣ бештар мегардад.
Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон дар низоми муносибатҳои иҷтимоию меҳнатии кишвар ҳамчун ниҳоди намояндагии кормандон вазифаҳои муҳимро иҷро менамояд. Моҳияти фаъолияти он дар муттаҳидсозии неруи ташкилотҳои соҳавӣ ва минтақавии иттифоқҳои касаба, ҳамоҳангсозии фаъолияти онҳо, ҳимояи ҳуқуқҳои меҳнатӣ ва иҷтимоию иқтисодии аъзои иттифоқҳои касаба ва густариши ҳамкориҳои иҷтимоӣ ифода меёбад. Дарки дурусти рисолати Федератсия тақозо мекунад, ки фаъолияти он танҳо бо баррасии муроҷиатҳо ё ҳалли масъалаҳои алоҳида маҳдуд карда нашавад. Вазифаи муҳимтар аз он ташаккули фазои мусоидаткунанда барои меҳнати софдилона, пешгирии поймолшавии ҳуқуқҳо, баланд бардоштани масъулияти иҷтимоии корфармоён ва таҳкими фарҳанги эҳтиром ба меҳнати инсон мебошад. Дар ин раванд ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касаба мақоми махсус доранд. Зеро онҳо бевосита бо кормандон робита дошта, аз мушкилот, ниёзҳо ва масъалаҳои рӯзмарраи онҳо огоҳ мебошанд. Самаранокии фаъолияти тамоми сохтори иттифоқҳои касаба аз сатҳи ташаббускорӣ, масъулиятшиносӣ ва фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ низ вобастагӣ дорад.
Масъалаи дигаре, ки дар шароити имрӯза аҳаммияти махсус дорад, баланд бардоштани нуфузу эътибори иттифоқҳои касаба дар ҷомеа мебошад. Барои ин фаъолияти онҳо бояд шаффоф, натиҷамеҳвар ва ба талаботи воқеии аъзояшон мутобиқ бошад. Ҳар як корманд бояд донад, ки узвият дар иттифоқи касаба чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад, дар кадом ҳолатҳо метавонад аз дастгирии он истифода намояд ва ташкилоти иттифоқи касаба барои ҳимояи манфиатҳои ӯ чӣ тадбирҳо меандешад. Ҳифзи ҳуқуқи кормандон танҳо вазифаи як сохтор ё ниҳоди алоҳида нест. Ин раванд иштироки масъулонаи ҳамаи ҷонибҳои муносибатҳои меҳнатӣ, аз ҷумла давлат, корфармоён, кормандон ва иттифоқҳои касабаро тақозо мекунад.
Давлат тавассути сиёсати иҷтимоӣ, қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва фаъолияти мақомоти дахлдор барои таъмини кафолатҳои меҳнатӣ шароити зарурӣ фароҳам меорад. Корфармоён вазифадоранд талаботи қонунгузориро риоя намуда, барои кормандон шароити муносибу бехатари меҳнатро таъмин кунанд. Кормандон низ бояд уҳдадориҳои касбии худро софдилона иҷро намуда, ҳуқуқу манфиатҳои қонунии худро донанд ва дар доираи муқаррароти қонунгузорӣ амал намоянд. Иттифоқҳои касаба бошанд, дар ин низом ҳамчун намояндаи манфиатҳои меҳнаткашон ва иштирокчии фаъоли шарикии иҷтимоӣ баромад мекунанд. Онҳо бояд барои ба ҳам наздик намудани манфиатҳои тарафҳо, ҳалли созандаи ихтилофҳо ва пешгирии мушкилоти муносибатҳои меҳнатӣ саҳм гузоранд. Дар ин замина, муҳим аст, ки принсипҳои конститутсионӣ дар фаъолияти ҳаррӯзаи корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо таҷассуми воқеӣ пайдо кунанд. Эҳтиром ба ҳуқуқи корманд бояд дар муносибати роҳбар ба зердастон, дар тартиби қабули қарорҳои идоракунӣ, дар пардохти музди меҳнат, дар фароҳам овардани шароити бехатари кор ва дар таъмини кафолатҳои иҷтимоӣ зоҳир гардад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади олии ҳуқуқии кишвар барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, аз ҷумла ҳуқуқи меҳнатии шаҳрвандон, заминаи устувор гузоштааст. Муқаррароти он дар бораи ҳуқуқ ба меҳнат, интихоби касбу кор, ҳифзи меҳнат, музди одилона, манъи меҳнати маҷбурӣ, ҳуқуқ ба истироҳат ва озодии муттаҳидшавӣ ифодагари моҳияти иҷтимоии давлат ва эҳтиром ба арзиши меҳнати инсон мебошанд. Аммо аҳаммияти Конститутсия танҳо дар муқаррар намудани ҳуқуқҳо ифода намеёбад. Арзиши воқеии меъёрҳои он дар татбиқи пайваста ва самараноки онҳо дар ҳаёти ҷомеа зоҳир мегардад. Ҳар як ҳуқуқи дар Қонуни асосӣ пешбинишуда бояд дар муносибатҳои воқеии меҳнатӣ кафолати амалӣ дошта бошад. Корманд бояд имконияти озодона интихоб намудани касбу кор, гирифтани музди муносиб, фаъолият дар шароити бехатар, истифодаи ҳуқуқи истироҳат ва ҳимояи манфиатҳои худро дар сурати поймол гардидани ҳуқуқҳояш дошта бошад. Дар ин раванд Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон рисолати муҳими ҷамъиятӣ ва ҳуқуқиро ба зимма дорад. Тақвияти фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии кормандон, рушди шарикии иҷтимоӣ, назорати ҷамъиятӣ аз болои риояи кафолатҳои меҳнатӣ, такмили шартномаҳои коллективӣ ва дастгирии иҷтимоии аъзои иттифоқҳои касаба аз ҷумлаи самтҳое мебошанд, ки метавонанд ба татбиқи воқеии арзишҳои конститутсионӣ мусоидат намоянд.
Дар маҷмуъ, ҳимояи ҳуқуқи корманд ҳимояи шаъну шарафи инсон, таъмини зиндагии шоистаи оилаҳо, таҳкими адолати иҷтимоӣ ва фароҳам овардани заминаи устувори рушди ҷомеа мебошад. Зеро меҳнати инсон асоси пешрафти давлат, рушди иқтисоди миллӣ ва ташаккули ҷомеаи солиму созанда мебошад. Конститутсия ҳомии ҳуқуқи кормандон аст, зеро он инсон ва меҳнати ӯро арзиши муҳимми иҷтимоӣ эътироф намуда, барои ҳифзи манфиатҳои меҳнаткашон заминаи ҳуқуқӣ фароҳам меорад. Вазифаи Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон бошад, саҳм гузоштан дар он аст, ки ин кафолатҳои конститутсионӣ дар ҳар як корхона, муассиса ва ташкилот ба воқеияти зиндагии ҳаррӯзаи кормандон табдил ёбанд.
Малоҳат ШАРИФЗОДА,
мутахассиси пешбари шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои
Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон

