ОҒОЗИ МАШҒУЛИЯТҲОИ ОМЎЗИШИИ НАВБАТӢ ДАР ШӮРОИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБАИ ВИЛОЯТИ СУҒД

ОҒОЗИ МАШҒУЛИЯТҲОИ ОМЎЗИШИИ НАВБАТӢ ДАР ШӮРОИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБАИ ВИЛОЯТИ СУҒД

2 ноябр дар Маркази бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд машғулияти навбатии курси бозомӯзӣ ва такмили ихтисос дар мавзӯи «Ҳифзи меҳнат ва таъмини бехатарӣ дар ҷойи кор» оғоз гардид.

Дар машғулият намояндагони ташкилоту муассисаҳои соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ва фарҳанг, ки масъулияти ташкили корҳои ҳифзи меҳнатро ба зимма доранд, ҷалб карда шуданд.

Дар оғози машғулият раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Шарифулло Абдуллозода баромад намуда, доир ба зарурати риояи меъёрҳои қонунгузории меҳнат, таъмини шароити муносиби корӣ ва андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати пешгирии ҳодисаҳои нохуш дар ҷойи кор ибрози андеша кард.

Таъкид гардид, ки ҳифзи ҳаёту саломатии кормандон ва таъмини муҳити бехатари меҳнатӣ аз масъалаҳои муҳимми фаъолияти иттифоқҳои касаба буда, дар ин самт омодагии касбӣ ва дониши ҳуқуқии масъулони соҳа аҳаммияти махсус дорад.

Дар рафти омӯзиш шунавандагон тибқи барномаи таълимӣ дониш ва малакаи худро дар самти ташкили дурусти ҳифзи меҳнат ва риояи қоидаҳои бехатарӣ такмил медиҳанд. Пас аз анҷоми машғулиятҳо ва супоридани санҷишҳои ҷамъбастӣ ба иштирокчиён шаҳодатномаҳо тақдим карда мешаванд.

Бояд зикр намуд, ки баргузории чунин курсҳои тахассусӣ барои баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи мутахассисон, тақвияти назорати риояи қоидаҳои бехатарӣ ва пешгирии ҳодисаҳои нохуш дар ҷойи кор заминаи мусоид фароҳам меорад.

Leave a Comment

Your email address will not be published.