ДУШАНБЕ, 01.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе дар соли 2024 тасдиқ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд.
Тибқи ин қарор, истироҳати хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе, ки аз буҷети шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он маблағгузорӣ карда мешавад, дар мавсими таътили тобистонаи имсола дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ ва майдончаҳои истироҳатию солимгардонии назди муассисаҳои таълимии пойтахт бо назардошти талаботи санитарию эпидемиологӣ барои пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ташкил мегардад.
Раиси шаҳри Душанбе масъулинро муваззаф намуданд, ки то 25 майи соли 2024 дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрии «Зимчурӯд», «Гулхан», «Шарора» ва «Орзу», инчунин майдончаҳои истироҳатию солимгардонии назди муассисаҳои таълимӣ, ки дар онҳо ташкилу баргузории истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасон пешбинӣ шудааст, корҳои ободонӣ, сохтмонӣ, таъмиру барқароркунӣ, муҷаҳҳазгардонии биноҳо ва майдончаҳои варзишӣ, ҳавзҳои шиноварӣ, сабзазоркунию ниҳолшинониро ба анҷом расонида, иншоотро ба қабули кӯдакону наврасон омода намоянд.
Ҳамзамон дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе масъулин вазифадор гардиданд, ки истироҳатгоҳҳои мавсимии беруназшаҳрӣ, варзишию солимгардонӣ ва наздимактабиро бо мутахассисон таъмин намуда, барои пешниҳоди роҳхатҳо ба кӯдакони ятиму бепарастор, кӯдакон аз оилаҳои камбизоат, кӯдакони болаёқат ва кӯдакони кормандони соҳаҳои гуногуни ҷумҳурӣ, инчунин ҳамлу нақли онҳо ба истироҳатгоҳҳо ва бозгашт тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе муваззаф шудааст, ки роҳбарии методии ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасонро таъмин карда, барои гузаронидани чорабиниҳои таълимию тарбиявӣ ва таъмини истироҳатгоҳҳо бо кадрҳои омӯзгорӣ тадбир андешад. Дар асоси ин қарор Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе барои бо мутахассисони зарурии тиббӣ таъмин намудани истироҳатгоҳҳо ва фароғатгоҳҳои беруназшаҳрӣ, варзишӣ, солимгардонӣ тадбирҳо андешида, назорати вазъи санитарию гигиении истироҳатгоҳҳоро дар давраи таътили тобистона таъмин менамояд.