Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси ҳукумати мардумии шаҳри Чэндуи Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Фенчао мулоқот намуданд

ДУШАНБЕ, 27.05.2024  /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси ҳукумати мардумии шаҳри Чэндуи Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Фенчао мулоқот намуданд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии Дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.

Дар оғози суҳбат муҳтарам Рустами Эмомалӣ Ван Фенчаоро ба шаҳри Душанбе хушомадед гуфтанд.

Таъкид гардид, ки муколамаи доимии дӯстона ва боэътимоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин омили муҳими муносибати шарикии стратегии ду давлат маҳсуб меёбад. Ҷонибҳо густариши ҳамкориро дар сатҳи шаҳрҳои Душанбе ва Чэнду аз рӯйи самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн хуб арзёбӣ намуда, оид ба тавсеаи ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангиву маориф, тандурустиву варзиш ва дигар соҳаҳои барои ҳар ду ҷониб манфиатбахш табодули афкор аҷом доданд.

Leave a Comment

Your email address will not be published.