Category Archive for : ‘Ахбор’

БАРГУЗОРИИ ШАНБЕГӢ ВА КОРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШӮРОИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБАИ ВИЛОЯТИ СУҒД

БАРГУЗОРИИ ШАНБЕГӢ ВА КОРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШӮРОИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБАИ ВИЛОЯТИ СУҒД

Бо мақсади тозаву озода нигоҳ доштан ва  сарсабзу гулпӯш намудани  муҳити гирду атроф имрӯз санаи 23 феврали соли 2025 кормандони Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят ба шанбегӣ баромада, барои  нарм намудани бехи ниҳолу гулу буттаҳо, шинонидани дарахтони ҳамешасабз ва дигарҳо  корҳои ободонӣ  машғул гардиданд.

Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ: «Артиши миллии Тоҷикистон ба яке аз рукнҳои муҳимми давлатдории навини тоҷикон мубаддал гардидааст»

Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ: «Артиши миллии Тоҷикистон ба яке аз рукнҳои муҳимми давлатдории навини тоҷикон мубаддал гардидааст»

ДУШАНБЕ, 23.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар айёми ниҳоят ҳассосу тақдирсози солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, хусусан дар давраи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ки хатари парокандашавии миллат ва аз байн рафтани давлати тоҷиконро воқеан ба миён оварда буд, қарзи ватандӯстии хешро содиқона иҷро намуданд. Дар ин хусус 22 феврал Президенти Ҷумҳурии […]

Ҷаласаи Комиссияи сеҷонибаи ҳамоҳангсозии муносибатҳои иҷтимоӣ-меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷаласаи Комиссияи сеҷонибаи ҳамоҳангсозии муносибатҳои иҷтимоӣ-меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рӯзи 18 феврали соли ҷорӣ дар бинои Вазорати меҳнат баргузор шуд, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷаласаи навбатии Комиссияи сеҷонибаи ҳамоҳангсозии муносибатҳои иҷтимоӣ-меҳнатӣ дар Ҷумҳурӣ Тоҷикистон  баргузор гардид. Ҷаласаро раиси Комиссияи сеҷонибаи ҳамоҳангсозии муносибатҳои иҷтимоӣ-меҳнатӣ дар Ҷумҳурӣ Тоҷикистон муовини Сарвазири Ҷумҳурӣ Тоҷикистон Мансури Дилрабо Сайдулло ифтитоҳ намуд. Ба ҷаласа аъзои Комиссияи сеҷониба (аз 11 […]

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар паради ҳарбӣ ба муносибати 32-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар паради ҳарбӣ ба муносибати 32-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд

ДУШАНБЕ, 22.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. 22 феврал дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар паради ҳарбӣ ба ифтихори 32-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон иштирок намуданд. Ба Президенти кишвар, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон […]

СЕМИНАРИ ОМЎЗИШӢ-ДАСТУРДИҲӢ

СЕМИНАРИ ОМЎЗИШӢ-ДАСТУРДИҲӢ

Дар асоси Нақшаи чорабиниҳои Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд бо роҳбарон, раисони ташкилотҳои  ибтидоии иттифоқи касабаи соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ семинари омўзишӣ баргузор гардид. Дар кори семинар муовини аввали раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Обидзода Нумон Юлдошӣ иштирок ва баромад намуд. Раиси кумитаи иттифоқи касабаи кормандони хоҷагии манзилию коммуналӣ, газ ва хизматрасониҳои маишии вилояти […]

Чиллазода Қарахон раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон интихоб гардид

Чиллазода Қарахон раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон интихоб гардид

ДУШАНБЕ, 13.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо иштироки аъзои Шурои генералии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва кормандони дигари масъули дастгоҳи марказии он ҷаласаи ғайринавбатии Шурои генералии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар». Барои баррасӣ ба рӯзномаи ҷаласа як масъала — интихоби раиси нави Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ворид карда шуд. […]

ОМОДАГИҲО БА ИНТИХОБОТ

ОМОДАГИҲО БА ИНТИХОБОТ

Интихобот яке аз сутунҳои асосии давлатдории демократӣ мебошад. Он барои ҳалли мушкилоти ҷомеа, таҳкими ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва рушди иқтисодӣ нақши калидӣ мебозад. Мардуми кишвари мо, ки ҳамеша бо фарҳанги сиёсии баланди худ машҳур аст, ҳамеша омодаанд, ки дар пешрафти Ватани худ саҳм гузоранд. Ба ҳамагон маълум аст, ки санаи 2 марти соли 2025 дар […]

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзииҷтимоии аҳолӣ, зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавиихизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилотҳои буҷетӣ,андозаи нафақа ва стипендия Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ ва таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мутобиқи моддаҳои 143, 147 ва 149 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 36 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», моддаҳои 12 […]

Ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти Иттиҳодияи иттифоқҳои касабаи НБО-и Роғун

Ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти Иттиҳодияи иттифоқҳои касабаи НБО-и Роғун

Санаи 7 феврали соли ҷорӣ ҷаласаи кормандони Иттиҳодияи иттифоқҳои касабаи НБО-и Роғун баргузор гардид. Дар ҷаласа роҳбарони ташкилотҳои ибтидоии иттиҳодия ширкат намуданд. Раиси иттиҳодия Абдулҳақзода Толиб дар бораи фаъолияти ташкилотҳои иттифоқҳои касабаи он дар соли 2024 ахбороти муфассал дод. Дар ҷаласа муовини якуми раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон  Исмоил Файзизода атрофи масъалаҳои дахлдори фаъолияти […]

ПОСУХҲО БА САВОЛҲОИ ШУМО

1.Музди меҳнати кори шабона чӣ тавр бояд ҳисоб ва пардохт карда шавад?  Мутобиқи моддаи 156 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохти афзудашудаи музди кори шабона ба ставкаи маоши моҳона дохил намешавад ва музди кори шабона бояд 1,5 каррата ҳисоб ва пардохт карда шавад.  2. Оё корфармо бар ивази музди меҳнат маҳсулот дода метавонанд? Тибқи талаботи моддаи 159 […]