Интихобот яке аз сутунҳои асосии давлатдории демократӣ мебошад. Он барои ҳалли мушкилоти ҷомеа, таҳкими ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва рушди иқтисодӣ нақши калидӣ мебозад.
Мардуми кишвари мо, ки ҳамеша бо фарҳанги сиёсии баланди худ машҳур аст, ҳамеша омодаанд, ки дар пешрафти Ватани худ саҳм гузоранд.
Ба ҳамагон маълум аст, ки санаи 2 марти соли 2025 дар кишвари азизамон Тоҷикистон интихоботи вакилони халқ баргузор мешавад. Бо ин мақсад дар саросари мамлакат ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ омодагӣ дида истодаанд. Дар ин радиф дар Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд низ ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ омодагиҳо дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Шиору овезаҳои таблиғоти доир ба интихобот дар шафати бино насб карда шуда, инчунин нуқтаҳои овоздиҳӣ ташкил карда шуда, гӯшаҳои иттилоотӣ насб гардида қарорҳои дахлдор дастрас карда шудааст. Тибқи маълумоти ҳайати комиссияи вилоятӣ доир ба интихобот дар ҳудуди вилоят баҳри дар сатҳи баланди ташкиливу сиёсӣ баргузор намудани маъракаи сиёсии интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.