Ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти Иттиҳодияи иттифоқҳои касабаи НБО-и Роғун

Ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти Иттиҳодияи иттифоқҳои касабаи НБО-и Роғун

Санаи 7 феврали соли ҷорӣ ҷаласаи кормандони Иттиҳодияи иттифоқҳои касабаи НБО-и Роғун баргузор гардид. Дар ҷаласа роҳбарони ташкилотҳои ибтидоии иттиҳодия ширкат намуданд.

Раиси иттиҳодия Абдулҳақзода Толиб дар бораи фаъолияти ташкилотҳои иттифоқҳои касабаи он дар соли 2024 ахбороти муфассал дод. Дар ҷаласа муовини якуми раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон  Исмоил Файзизода атрофи масъалаҳои дахлдори фаъолияти Иттиҳодия сухан ронда, чанде аз пешравиҳоро қайд намуд ва дар баробари ин ҷиҳати рафъи камбудиву норасоиҳо дар ин ҷода дастурҳои судманд дод.

Исмоил Файзизода ҳамчунин рукнҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба самъи ҳозирин расонид.

Дар ҷаласа оид ба тарбияи ҷавонон дар рўҳияи  ватандўстӣ, пос доштани муқаддасоту арзишҳои миллӣ сухан рафт. Қайд гардид, ки мо бояд нисбати ҳама зуҳуруоти номатлуб ба мисли экстремизм ва терроризм, савдои одамон мавқеи бетарафиро  пеша накунем. Мо бояд таҳти шиори “Ваҳдат мароми мост” табақаҳои гуногуни мардумро муттаҳид сохта, ба хотири таъмини доимии сулҳу суботи ҷомеа ҳамарўза кушиш ба харҷ диҳем. Оид ба риояи талаботи Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунуҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи иттифоқҳои касаба” , “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба иштирокчиён тавсияҳои судбахш дода шуд.

Leave a Comment

Your email address will not be published.