СЕМИНАРИ ОМЎЗИШӢ-ДАСТУРДИҲӢ

СЕМИНАРИ ОМЎЗИШӢ-ДАСТУРДИҲӢ

Дар асоси Нақшаи чорабиниҳои Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд бо роҳбарон, раисони ташкилотҳои  ибтидоии иттифоқи касабаи соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ семинари омўзишӣ баргузор гардид.

Дар кори семинар муовини аввали раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Обидзода Нумон Юлдошӣ иштирок ва баромад намуд.

Раиси кумитаи иттифоқи касабаи кормандони хоҷагии манзилию коммуналӣ, газ ва хизматрасониҳои маишии вилояти Суғд Қобилов О.М. семинарро ифтитоҳ намуда, оид ба шарҳу тавзеҳи паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуд. Ҳамчунин оиди арзишҳои ваҳдати миллӣ, пешгирӣ ва ифротгароӣ, мубориза бар зидди экстремизму терроризм ва ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ, танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, андешидани тадбирҳо ҷиҳати пешгирии зиёдравию исрофкорӣ дар баргузории ҷашну маросим гуфта гузашт.

Қобилов О.М. дар мавзўи тартиби бастани шартномаи меҳнатӣ ва шартномаи коллективӣ маърўза намуд.

Нумон Обидзода – муовини аввали раиси Шўро зикр намуд, ки имрӯза семинар – машварати дастурдиҳӣ ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониши кормандони иттифоқи касаба оиди конунгузории амалкунандаи меҳнат ва тадбиқи он дар фаъолият мебошад ва ҳамчунин мавсуф оид ба Тартиби истифодабарии маблағҳои сугуртаи давлатии ичтимоии 1,5% гуфта гузашт. Сипас, Ғаффоров А.А. – нозири хифзи мехнати кумитаи вилояти оид ба масъалаҳои ҳифзи меҳнат дар корхонаҳо баромад намуд. Ҳамчунин мавсуф Муроҷиатномаи Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони хоҷагии манзилию коммуналӣ, газ ва хизматрасониҳои маишии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 28 апрел-Рўзи Умумиҷаҳонии ҳифзи меҳнат ироа намуда, ба ташкилотҳои ҳамузв дастрас карда шуд.

Leave a Comment

Your email address will not be published.