Category Archive for : ‘Ахбор’

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо корҳои анҷомёфта дар ободонию навсозии хиёбони Исмоили Сомонӣ ва пули мошингард дар болои дарёи Душанбе шинос шуданд

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо корҳои анҷомёфта дар ободонию навсозии хиёбони Исмоили Сомонӣ ва пули мошингард дар болои дарёи Душанбе шинос шуданд

ДУШАНБЕ, 05.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. 5 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо корҳои анҷомёфта дар ободонию навсозии хиёбони Исмоили Сомонии пойтахт ва пули мошингард дар болои дарёи Душанбе шинос шуданд. Иттилоъ дода шуд, ки корҳои навсозӣ дар ин ҷо […]

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо кормандони мақомоти судӣ

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо кормандони мақомоти судӣ

05.12.2024, шаҳри Душанбе Ҳозирини гиромӣ! Дар ибтидо ҳамаи шуморо ба муносибати ифтитоҳи бинои нави Суди Олӣ, ки дар он беҳтарин шароиту имкониятҳои корӣ фароҳам оварда шудаанд, табрик мегӯям. Чанд рӯз пештар мардуми кишвар яке аз санаҳои таърихӣ – 30-юмин солгарди қабули нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлолро таҷлил намуданд. Истиқлоли давлатӣ ҳамчун бузургтарин дастоварди мардуми шарифи Тоҷикистон […]

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд

ДУШАНБЕ, 05.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. 5 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ бинои нави хуштарҳу замонавии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба истифода доданд. Иншоот дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири фароҳам […]

ЧОРАБИНИИ БОШУКӮҲИ ИДОНА БА ИФТИХОРИ 30 – СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ ҲИСОР

ЧОРАБИНИИ БОШУКӮҲИ ИДОНА БА ИФТИХОРИ 30 – СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ ҲИСОР

Ба ифтихори 30 – солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар асоси нақшаи чорабиниҳои ҷашнии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор чорабинии бошукӯҳи идона доир гардид, ки дар он Маликшо Неъматзода – раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, аъзои Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Дустмуродзода Сурайё – вакили Маҷлиси намояндагони […]

ҒОЛИБОН ҚАДРДОНӢ ГАРДИДАНД

ҒОЛИБОН ҚАДРДОНӢ ГАРДИДАНД

Дар ҳошияи баргузории ҷаласаи Шӯрои иттифоқҳои касабаи давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки рӯзҳои 27-29 ноябри соли 2024 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, аз озмуни “ Беҳтарин шарики иҷтимоӣ” натиҷагирӣ карда шуда, ғолибон аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон бо ҷоизаҳои Шӯрои иттифоқҳои касабаи давлатҳои Осиёи Марказӣ қадрдонӣ гардиданд.

Раисии Шӯрои иттифоқҳои касабаи давлатҳои Осиёи Марказӣ аз Тоҷикистон ба Қирғизистон гузашт

Раисии Шӯрои иттифоқҳои касабаи давлатҳои Осиёи Марказӣ аз Тоҷикистон ба Қирғизистон гузашт

Дар ҷараёни ҷаласаи навбатии Шӯрои иттифоқҳои касабаи давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки рӯзҳои 27-29 моҳи ноябри соли 2024 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, раисии Шӯрои иттифоқҳои касабаи давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки дар соли 2024 бар дӯши ҷониби Тоҷикистон буд, барои соли 2025 ба ҷониби Қирғизистон гузашт.

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 29.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. 29 ноябр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори маҷлис нахуст дар бораи Барномаи рушди соҳаи механиконии инноватсионии кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029 гузориши вазири кишоварзӣ Қурбон Ҳакимзода шунида шуд. Таъкид гардид, ки вазифаҳои асосии […]

СЕМИНАРИ ДАСТУРДИҲӢ БО РОҲБАРОНИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ ВА РАИСОНИ ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОӢ ДАР НОҲИЯИ АШТ

СЕМИНАРИ ДАСТУРДИҲӢ БО РОҲБАРОНИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ ВА РАИСОНИ ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОӢ ДАР НОҲИЯИ АШТ

Санаи 28 ноябри соли равон дар маҷлисгоҳи маркази таҳсилоти иловагии ноҳияи Ашт семинари дастурдиҳӣ бо роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва раисони ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касаба баргузор гардид. Дар семинар Мӯсобек Самизода, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Суғд, Тоҳирова Махсуда- намояндаи шуъбаи маорифи ноҳия ва Фароғат Ҳоҷиматова, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маорифи ноҳия иштирок […]

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд

ДУШАНБЕ, 28.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. 28 ноябри соли 2024 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон ҳамоиши Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ баргузор гардид, ки дар кори он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар кори ҷаласа, ҳамчунин, роҳбарони давлатҳои Беларус, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ […]

Семинари байналмилалии иттифоқҳои касаба

Семинари байналмилалии иттифоқҳои касаба

Санаи 27 ва 28-уми ноябри соли ҷорӣ  дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат семинари байналмилалӣ барои роҳбарони Шӯрои иттифоқҳои касабаи давлатҳои Осиёи Марказӣ  “Пешбурди стратегияҳои муштараки иттифоқҳои касаба дар сиёсати иҷтимоию иқтисодӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ дар Осиёи Марказӣ” таҳти роҳбарияти Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо […]