Ба ифтихори 30 – солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар асоси нақшаи чорабиниҳои ҷашнии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор чорабинии бошукӯҳи идона доир гардид, ки дар он Маликшо Неъматзода – раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, аъзои Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Дустмуродзода Сурайё – вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Носирзода Ҷаббор – иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор, аъзои Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор ва Изатуллои Ҳабибзод – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор иштирок ва суханронӣ намуданд. Нахуст бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши ҳизбиёни шаҳри Ҳисор таҳти унвони “Тоҷикистон, Пешво, Ҳизб” оғоз гардид, ки дар он нотиқон оид ба таърихи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар баланд гардидани обрӯву нуфузи ҳизб, марҳилаҳои минбаъдаи фаъолияти ин ниҳоди фаъоли сиёсӣ, амалишавии ҳадафҳои созандаи давлату Ҳукумат, иштироки фаъолонаи аъзову ҷонибдорони ҳизб дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ, тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, аз ҷумла насли наврасу ҷавон, вусъатбахшидани корҳои созандагиву бунёдкорӣ ба ифтихори 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳоро ёдовар гардиданд.
Ҳамчунин, зикр гардид, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон замоне ба саҳнаи сиёсии мамлакат ворид гардид, ки дар кишвар ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ аланга дошт ва ба ояндаи дурахшони Ватан умед ё боварӣ намонда буд. Дар ин марҳила Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо роҳбарию роҳнамоии сарвари оқилу хирадмандаш бо пуштибонӣ аз суннатҳои неки ниёгон ва ҳифзу гиромидошти анъанаҳои неки гузаштагонамон ҷиҳати бо роҳи мусолиҳатомез ҳаллу фасл намудани муноқишаву нофаҳмиҳо тавонист, ки ба кишвар сулҳу субот ва ваҳдат орад.
Сипас ба як қатор узви фаъоли ҳизб, ки дар татбиқи ҳадафҳои созандаи давлату Ҳукумати мамлакат саҳмгузорӣ намуда истодаанд, Сипосномаи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Ифтихорнома ва Сипосномаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор тақдим карда шуд.
Баъди анҷоми ҳамоиш маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни “Чеҳраи муваффақи диёр” таҳти унвони “Якдил шавему мулк обод кунем”, ки дар доираи Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти унвони “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум” эълон гардида буд, баргузор гардид, ки дар асоси хулосаи Комиссияи босалоҳият аз 15 000 номзадҳои пешниҳодгардида барои иштирок дар озмун 32 нафар сазовори медал, ҷоиза ва диплом гардиданд.
Иттилоъ медиҳем, ки бо қарори Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор ба ифтихори 30 – солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Фестивал – Озмуни “Ташкилоти беҳтарини ҳизбии сол” таҳти унвони “30 – қадами созанда дар амри ватансозӣ” эълон гардида буд.
Давоми сол кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ба фестивал – озмуни мазкур омодагӣ дида, фаъолиятро тибқи Низомномаи фестивал ба роҳ монданд.
Дар фестивали мазкур 149 ташкилоти ибтидоии ҳизбии шаҳри Ҳисор иштирок намуда, 3 кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбӣ ва 31 ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ сазовори “Ташкилоти беҳтарини ҳизбии сол” эълон гардида, бо ҷоиза ва дипломи дараҷаи як сарфароз гардонида шуданд.
Дар номинатсияи “Фаъолтарин вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ҳисор”, “Таблиғотчии беҳтарини ҳизбӣ аз ҳисоби собиқадорон”, “Таблиғотчии беҳтарин аз ҳисоби бонувон”, “Таблиғотчии беҳтарин аз ҳисоби ҷавонон”, “Беҳтарин ороишгари маводҳои таблиғотии ҳизбию давлатӣ, “Беҳтарин таблиғотчӣ дар саҳифаҳои иҷтимоии интернетӣ ва васоити ахбори омма” муайян гардида, бо ҷоиза ва диплом сарфароз гардонида шуданд. Иқдоми мазкур баҳри амалисозии сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати мамлакат, Роҳбарияти Олии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки таъкид намуданд: “Дар шароити имрӯза барои сафарбар намудани одамон ба корҳои хайру созанда чунин
нерӯи сиёсие лозим аст, ки мардуми Тоҷикистонро бо ғояҳои сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, сарҷамъиву ваҳдати миллӣ ва волоияти қонун муттаҳид намуда, дар сафи пеши раванди бунёдкории Ватан қарор дошта бошанд.
Дар сафҳои ҳизби мо ҷавонону бонувони ватандӯст, ба кори ҳизбӣ содиқ, фаъолу ташаббукор ва ташкилотчӣ хеле зиёданд”. Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ ҳунармандони шуъбаи фарҳанги шаҳри Ҳисор бо суруду оҳангҳои ватандӯстона ба чорабинӣ шукӯҳи идона зам намуданд.