Санаи 27 ва 28-уми ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат семинари байналмилалӣ барои роҳбарони Шӯрои иттифоқҳои касабаи давлатҳои Осиёи Марказӣ “Пешбурди стратегияҳои муштараки иттифоқҳои касаба дар сиёсати иҷтимоию иқтисодӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ дар Осиёи Марказӣ” таҳти роҳбарияти Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода Гловатскас Сергеюс мудири Шуъбаи Аврупо ва Осиеи Марказии Бюро оид ба фаъолияти коргарии Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат баргузор гардид.
Дар семинар намояндагони як қатор ташкилотҳои иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон, шарикони иҷтимоӣ, намояндагони федератсияҳои иттифоқҳои касабаи давлатҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Озарбойҷон ва Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат иштирок намуданд. Дар чорабинӣ асосан масъалаи татбиқи асосҳои ҳуқуқӣ ва чораҳои ҳифзи иҷтимоӣ барои ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ бо таваҷҷуҳ ба музди одилона, шароити кор ва дастрасӣ ба таъминоти иҷтимоӣ мавриди муколама ва баррасӣ қарор дода шуд.