Category Archive for : ‘Ахбор’

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии сатҳи баланд оид ба амалишавии қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ дар бораи эълон шудани cоли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» иштирок намуданд

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии сатҳи баланд оид ба амалишавии қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ дар бораи эълон шудани cоли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» иштирок намуданд

ДУШАНБЕ, 12.11.2024 /НИАТ «Ховар»/. 12 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон дар чорабинии сатҳи баланд оид ба амалишавии қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи эълони cоли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», аз ҷониби Тоҷикистон роҳандозӣ ва мизбонӣ мешавад, иштирок ва суханронӣ намуданд. Президенти кишвари мо […]

Суханрони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи умумии Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим

Суханрони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи умумии Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим

12.11.2024, шаҳри Боку Муҳтарам ҷаноби Раис, Олиҷанобон, муҳтарам сарони давлатҳо ва роҳбарони ҳайатҳо, Хонумҳо ва ҷанобон! Пеш аз ҳама, миннатдории худро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Созмони Милали Муттаҳид барои меҳмоннавозӣ ва дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабинии имрӯза изҳор менамоям. Ҳозирини гиромӣ, Аён аст, ки хавфу таҳдидҳои иқлимӣ нисбат ба амалҳое, ки аз ҷониби […]

ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ МАЛИКШО НЕЪМАТЗОДА ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ЗЕРИ УНВОНИ “ ШАРТНОМАИ НАВИ ҶАМЪИЯТӢ: НАЗАРИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБАИ АВРУПО ВА ОСИЁИ МАРКАЗӢ”

12.11.2024. Имрӯз дар шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Узбекистон Конфронси байналмилалӣ зери унвони “Шартномаи нави ҷамъиятӣ: Назари иттифоқҳои касабаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ” таҳти васояти Ташкилоти байналмилалии меҳнат ба кори худ оғоз намуд.  Дар кори конфронс роҳбарони федератсияҳои иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Арманистон, Озарбойҷон, Гурҷистон, Молдова, Уқраина , Полша, Булғористон, як қатор созмонҳои байналмилалӣ […]

Мулоқоти Маликшо Неъматзода бо Мария Ҳелена Андре

Мулоқоти Маликшо Неъматзода бо Мария Ҳелена Андре

Дар шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҳошияи Конфронси байналмилалӣ мулоқоти кории Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода   бо Директори Ташкилоти байналмилалии меҳнат(АКТРАВ) хонум Мария Ҳелена Андре баргузор гардид.  Дар рафти мулоқот ҳамкориҳои байни Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Ташкилоти байналмилалии меҳнат баррасӣ гардид.  Ҳамзамон нақшаи ҳамкориҳои дуҷониба барои соли 2025 мувофиқа гардид.

Мулоқоти корӣ дар шаҳри Тошкент

Мулоқоти корӣ дар шаҳри Тошкент

Дирӯз дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Тошкент  Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода   бо Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи Узбекистон Қудратилло Рафиқов мулоқот анҷом дод.  Дар оғози мулоқот Маликшо Неъматзода  Қудратилло Рафиқовро аз номи Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ба муносибати “ 11 ноябр – Рӯзи иттифоқҳои касабаи Узбекистон” табрику таҳният гуфт.  Ҳамзамон […]

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Риёзи Подшоҳии Арабистони Саудӣ шуданд

ДУШАНБЕ, 10.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 10 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Ҳамоиши муштараки изтирории арабию исломӣ вориди шаҳри Риёзи Подшоҳии Арабистони Саудӣ шуданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии Шоҳ Холид меҳмони олиқадр, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро Муовини Амири минтақаи Риёз шоҳзода Муҳаммад ибни Абдурраҳмон оли Сауд ва намояндагони воломақоми Подшоҳии Арабистони Саудӣ самимона […]

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба Подшоҳии Арабистони Саудӣ рафтанд

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба Подшоҳии Арабистони Саудӣ рафтанд

ДУШАНБЕ, 10.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 10 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар Саммити муштараки изтирории арабию исломӣ ба Подшоҳии Арабистони Саудӣ сафар намуданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон […]

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Кӯшониён бинои Муассисаи таҳсилоти томактабиро мавриди истифода қарор доданд

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Кӯшониён бинои Муассисаи таҳсилоти томактабиро мавриди истифода қарор доданд

ДУШАНБЕ, 07.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 7 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳраки Исмоили Сомонии ноҳияи Кӯшониён бинои Муассисаи таҳсилоти томактабиро мавриди истифода қарор доданд. Бинои Муассисаи таълимии томактабӣ бо тарҳи зебову замонавӣ қомат афрохта, аз 2 ошёна ва 8 ҳуҷраи таълимӣ барои кудакон иборат мебошад. Ҳамзамон дар бинои […]

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Бустонқалъаи ноҳияи Кӯшониён Маркази ташхисию табобатӣ ва барқарорсозии бемориҳои асабро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Бустонқалъаи ноҳияи Кӯшониён Маркази ташхисию табобатӣ ва барқарорсозии бемориҳои асабро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

ДУШАНБЕ, 07.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 7 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Бустонқалъаи ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон Маркази ташхисию табобатӣ ва барқарорсозии бемориҳои асабро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Маркази ташхисию табобатии “Авитсена” дар доираи тадбирҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Расулҷон Ашуров  бунёд шуда, дар […]

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Кӯшониён корхонаи истеҳсоли мототсиклҳои дучарха ва сечархаҳои гуногуни ҶДММ «Вахш Саноат»-ро ба истифода доданд

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Кӯшониён корхонаи истеҳсоли мототсиклҳои дучарха ва сечархаҳои гуногуни ҶДММ «Вахш Саноат»-ро ба истифода доданд

ДУШАНБЕ, 07.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 7 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба ноҳияи Кӯшониён ташриф оварданд. Нахуст Сарвари давлат бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ корхонаи истеҳсоли мотосиклҳои дучарха ва сечархаҳои гуногуни «Вахш Саноат»-ро ба истифода доданд. Корхонаи мазкур дар доираи эълон гардидани […]