Дар шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҳошияи Конфронси байналмилалӣ мулоқоти кории Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода бо Директори Ташкилоти байналмилалии меҳнат(АКТРАВ) хонум Мария Ҳелена Андре баргузор гардид.
Дар рафти мулоқот ҳамкориҳои байни Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Ташкилоти байналмилалии меҳнат баррасӣ гардид. Ҳамзамон нақшаи ҳамкориҳои дуҷониба барои соли 2025 мувофиқа гардид.