Дирӯз дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Тошкент Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода бо Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи Узбекистон Қудратилло Рафиқов мулоқот анҷом дод.
Дар оғози мулоқот Маликшо Неъматзода Қудратилло Рафиқовро аз номи Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ба муносибати “ 11 ноябр – Рӯзи иттифоқҳои касабаи Узбекистон” табрику таҳният гуфт. Ҳамзамон ҷонибҳо ҳамкориҳои дуҷонибаи байни иттифоқҳои касабаи ҳарду кишварро баррасӣ карда, омодагии худро баҳри дар оянда рушд додани онҳо, изҳор намуданд.