ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ МАЛИКШО НЕЪМАТЗОДА ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ЗЕРИ УНВОНИ “ ШАРТНОМАИ НАВИ ҶАМЪИЯТӢ: НАЗАРИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБАИ АВРУПО ВА ОСИЁИ МАРКАЗӢ”

ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ МАЛИКШО НЕЪМАТЗОДА ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ЗЕРИ УНВОНИ “ ШАРТНОМАИ НАВИ ҶАМЪИЯТӢ: НАЗАРИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБАИ АВРУПО ВА ОСИЁИ МАРКАЗӢ”

12.11.2024. Имрӯз дар шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Узбекистон Конфронси байналмилалӣ зери унвони “Шартномаи нави ҷамъиятӣ: Назари иттифоқҳои касабаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ” таҳти васояти Ташкилоти байналмилалии меҳнат ба кори худ оғоз намуд.  Дар кори конфронс роҳбарони федератсияҳои иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Арманистон, Озарбойҷон, Гурҷистон, Молдова, Уқраина , Полша, Булғористон, як қатор созмонҳои байналмилалӣ иштирок доранд.

Дар ҷамъомад атрофи масъалаи шартномаи нави ҷамъиятӣ ва назари иттифоқҳои касабаи Аврупо ва Осиёи Марказӣавриди баррасӣ қарор ёфта, роҷеъ ба он муколамаю баромадҳо сурат гирифта, андешаҳои ҷолибу судманд пешниҳод гардиданд.

Дар конфронс Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода иштирок ва суханронӣ намуд. Конфронс кори худро пагоҳ низ идома медиҳад.

Leave a Comment

Your email address will not be published.