ОҒОЗИ МУСОБИҚАИ ФУТБОЛИ ХУРД БАЙНИ НАВРАСОН
Дирӯз дар Маҷмааи варзишии Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи варзишгарон мусобиқаи футболи хурд байни наврасон оғоз гардид. Маликшо Неъматзода, раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақилили Тоҷикистон дар ифтитоҳои чорабинӣ зикр намуд, ки бо таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, […]
