БАРГУЗОРИИ РАЁСАТИ КУМИТАИ ВИЛОЯТӢ

Санаи 19 июли соли 2024 дар маҷлисгоҳи Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди вилояти Суғд ҷаласаи раёсати васеи кумитаи иттифоқи касабаи кормандони нақлиёт ва хоҷагии роҳҳои вилояти Суғд баргузор гардид.Ҷаласаро раиси кумитаи иттифоқи касабаи кормандони нақлиёт ва хоҷагии роҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон – Бобоева Нисо Темуровна ифтитоҳ намуда, оид ба фаъолияти кумитаи вилоятӣ андешаронӣ намуд.Сипас, раиси кумитаи иттифоқи касабаи кормандони нақлиёт ва хоҷагии роҳҳои вилояти Суғд – Шарипов Равшан оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти кумитаи иттифоқи касабаи кормандони нақлиёт ва хоҷагии роҳҳои вилояти Суғд дар нимсолаи аввали соли 2024 ва рафти омодагӣ ба гузаронидани тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 маърӯза намуд.Ҳамчунин, раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Шарифулло Абдуллозода оид ба фаъолияти кумитаи вилоятии соҳавӣ ибрози ақида намуда, барои пешрафти фаъолияти соҳа дастуру тавсияҳо пешниҳод намуд. Вобаста ба масъалаҳои баррасигардида қарорҳои дахлдор қабул гардид.

Leave a Comment

Your email address will not be published.