БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ СИТОДИ ВИЛОЯТӢ

Дирӯз дар толори Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят таҳти роҳбарии раиси Шӯро Шарифулло Абдуллозода бо иштироки раисон ва масъулони иттифоқҳои касабаи кумитаҳои соҳавӣ ва кормандони масъули Шӯро ситод оид ба бартараф намудани қарздорӣ аз музди меҳнат баргузор гардид.

Шарифулло Абдуллозода таҳлили қарздорӣ аз музди меҳнатро ба самъи иштирокдорон расонида, оиди зиёдшавии қарзи музди меҳнат дар соҳаҳои алоҳидаи иқтисодиёти вилоят нигаронии худро иброз намуд. Сипас, аз масъулони соҳаҳое ки қарзи музди меҳнат доранд пурсишҳо ба амал оварда, оиди андешидани тадбирҳои мушаххас дар самти барҳамдиҳии қарздорӣ аз музди меҳнат дастуру суоришҳо дод.

Leave a Comment

Your email address will not be published.