Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои миллии рушд баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 10.06.2024. /АМИТ «Ховар»/. 10 июн таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шурои миллии рушд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои миллии рушд баргузор гардид. Дар ҷаласа аъзои Шурои миллии рушд, роҳбарону намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва дигар шарикони рушд, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори кишвар иштирок намуданд. Мақсади баргузории чорабинӣ натиҷагирӣ аз […]
