ҲАДАФ-НОИЛ ГАРДИДАН БА УСТУВОРИИ ОБ ВА ИҚЛИМ ДАР МИНТАҚА. Дар Душанбе Форуми Осиёи Марказӣ оғоз ёфт

ҲАДАФ-НОИЛ ГАРДИДАН БА УСТУВОРИИ ОБ ВА ИҚЛИМ ДАР МИНТАҚА. Дар Душанбе Форуми Осиёи Марказӣ оғоз ёфт

ДУШАНБЕ, 10.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Форуми Осиёи Марказӣ дар доираи Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки аз аз 10 то 13 июн дар Душанбе баргузор мегардад, ба кор оғоз намуд, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Форумро Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник  Рустам Назарзода ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки ҳадафи форум ташвиқи давлатҳои Осиёи Марказӣ барои муттаҳид кардани талошҳо дар  самти ноил гардидан ба устувории об ва иқлим, густариши ҳамкории минтақавӣ ва табодули маълумот оид ба об, муҳити зист ва коҳиши хатари офатҳои табиӣ ва дигар мавзуъҳо мебошад.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки  ҳадафи форум ба ташвиқи давлатҳои Осиёи Марказӣ барои муттаҳид кардани талошҳо дар  самти ноил гардидан ба устувории об ва иқлим барои таъмини суботи минтақа ва таҳкими ҳамкорӣ дар минтақа тавассути беҳбуди муколамаи минтақавӣ байни ҷонибҳои манфиатдор ва тасмимгирандагон оид ба идоракунии захираҳои об ва иқлим ва коҳиши хатари офатҳо дар  Осиёи Марказӣ, пешбурди сиёсати огоҳона дар бораи хатарҳо, нақшаҳои мутобиқсозии миллӣ ва чораҳои коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ ва густариши ҳамкории минтақавӣ ва табодули маълумот оид ба об, муҳити зист ва коҳиши хатари офатҳои табиӣ равона гардидааст.

Дар кори форум намояндагони воситаҳои ахбори оммаи дохил ва хориҷи мамлакат иштирок доранд.

Аз ҷараёни кори форум давоми рӯз хабари муфассал пешниҳод мегардад.

Leave a Comment

Your email address will not be published.