Дар Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон оид ба масъалаи қабули шартномаи коллективӣ барои се соли оянда мувофиқи талаботи Созишномаи генералӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2024 ҷаласа баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа аҳли кормандони дастгоҳи марказии Федератсия иштирок намуданд. Раиси ташкилоти ибтидоии иттифоқи касабаи Федератсия Ҷамшед Юнусов ҳозиринро бо муқаррароти умумӣ ва мақсадҳою уҳдадориҳои тарафайнро бо таври возеҳ шинос намуд.