Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропилении ҶДММ «Нур-пак»-ро ба кор дароварданд
ДУШАНБЕ, 10.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. 10 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропилении Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Нур-пак»-ро ба кор дароварданд. Корхонаи нави саноатӣ дар доираи тадбирҳои созандагӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати […]
