2 апрел дар меҳмонхонаи «Вега», маҷмааи “Измайлово”- и шаҳри Москва ҷаласаи Кумитаи иҷроия ва Шӯрои Конфедератсияи умумииттифоқҳои касаба баргузор шуд.
Кумитаи иҷроияи КУИК масъалаи тасдиқ ва риояи конвенсияҳои СБМ-ро дар давлатҳои мустақил, ки дар он ташкилотҳои узвияти КУИК амал мекунанд, баррасӣ ва тадбирҳоро ҷиҳати фаъол намудани он аз ҷониби ҳар як ташкилоти узвияти Конфедератсия муайян кард. Дар ҷаласа ҳамчунин изҳороти КУИК дар робита ба Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи меҳнат 28-апрел ва 79-солагии Ғалаба дар ҷанги Бузурги Ватанӣ, инчунин муроҷиатнома ба Рӯзи ҳамбастагии байналмилалии кормандон 1 Май баррасӣ ва қабул карда шуданд.
Шӯрои КУИК маълумотро дар бораи фаъолияти Кумитаи иҷроияи он дар давраи аз моҳи апрели соли 2023 то моҳи марти соли 2024 шунид, ки онро котиби Генералии КУИК Виктор Пинский пешниҳод намуд. Дар ҷаласа муовини якуми раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Исмоил Файзизода иштирок кард.