ДУШАНБЕ, 04.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Пешвои миллии халқи туркман – Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон муҳтарам Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов, ки бо сафари расмӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад, мулоқот намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар оғози суҳбат муҳтарам Рустами Эмомалӣ меҳмони олиқадрро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, иброз доштанд, ки мулоқоти имрӯза идомаи муколамаи созанда байни Тоҷикистон ва Туркманистон маҳсуб мешавад.
Бо қаноатмандӣ таъкид гардид, ки ҳамкорӣ ва шарикии стратегӣ бо давлати бародари Туркманистон яке аз афзалиятҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистон мебошад. Дар мулоқот муҳтарам Рустами Эмомалӣ саҳми шоистаи Пешвои миллии мардуми туркман — Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон муҳтарам Гурбонгулӣ Бердимуҳамедовро дар таҳкими муносибатҳои дӯстона ва ҳамкорӣ байни давлатҳои Осиёи Марказӣ ёдовар шуда, ба талошҳои доимиашон дар таъмини рушди устувор ва таҳкими муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистон ва Туркманистон баҳои баланд доданд.