ЧОРАБИНИИ ИДОНА БАХШИДА БА 31 – СОЛАГИИ РӮЗИ ТАЪСИСЁБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Санаи 20 феврали соли ҷорӣ дар толори Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят бахшида ба 31-солагии Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона доир гардид.

Дар чорабинӣ Абдуллозода Шарифулло – раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд, Самизода Мӯсобек – раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилоят, Қурбониён Абдураҳим мудири шуъбаи кор бо кадрҳо ва корҳои махсуси Раёсати маорифи вилоят раисони Иттифоқи касабаи маорифи шаҳру ноҳияҳо, бартарафкунандагони садамаи Чернобел, муҳофизони сохти Конститутсионӣ ва Ҷанговарони байналмиллал иштирок намуданд. Дар чорабинӣ Абдуллозода Шарифулло, Самизода Мӯсобек ва Қурбониён Абдураҳим ба сухан баромада, иштирокчиёни чорабиниро ба муносибати 31 солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳ табрику муборакбод намуданд.

Дар ҷамъбасти чорабинӣ ба ҳамаи иштирокчиёни ҷанги Афғонистон, бартарафкунандагони садамаи Чернобел ва муборизони сохти Конститутсионӣ туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Leave a Comment

Your email address will not be published.