Санаи 20 феврали соли 2024 дар ноҳияи Деваштич аз ҷониби кормандони кумитаи иттифоқи касабаи муассисаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва бонкии вилояти Суғд дар ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касабаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич, Раёсати молияи ноҳия, Маркази ёрии иҷтимоӣ ва ҷамоати шаҳраки Деваштич оид ба бастани шартномаи коллективӣ, таҳияи нақшаи кории иттифоқи касаба, истифодаи мақсадноки маблағҳои 1,5 фоизаи суғуртаи иҷтимоӣ ва дигар масъалаҳо ёрии амалӣ-методӣ расонида шуд.
Дар як вақт собиқ раиси кумитаи иттифоқи касабаи сохавии ноҳия Салимова Фароғат барои хизматҳои тӯлонӣ ва софдидона кадрдонӣ карда шуд.