Имрўз дар шаҳри Душанбе, дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими имзои Созишномаи генералӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2026 баргузор гардид. Қайд кардан лозим аст, ки 30 декабри соли 2023 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №591 Созишномаи генералӣ маъқул донитса шуд.
Созишномаи генералӣ бо мувофиқаи тарафҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон: Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, аз ҷониби Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон: Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода ва аз ҷониби Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон: иҷрокунандаи вазифаи Раиси Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон Айёмбек Акрамзода ба имзо расонида шуд.