МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАРСИ БУЗУРГЕСТ БАРОИ ҶАВОНОН

МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАРСИ БУЗУРГЕСТ БАРОИ ҶАВОНОН

Дар доираи нақша – чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори васеъи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо иштироки Маликшо Неъматзода Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Чоршанбезода Сураҷ Сайнак муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дарси навбатии ҷавонони фаъоли Ташкилоти ҷамъиятии “Пайравони Пешвои миллат” доир гардид.

Дарси омӯзишӣ дар доираи мавзӯи “Мактаби давлатдории Пешвои миллат – дарси бузургест барои ҷавонон” роҳандозӣ гардида, дар кори он Чоршанбезода Сураҷ Сайнак муовини Раиси Кумита бо сухани ифтитоҳи баромад намуда, риштаи суханро ба Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон доданд. Маликшо Неъматзода зимни баромади хеш аз замонҳои ҷанги шаҳрвандӣ ёдовар шуда, нақши Пешвои миллатро дар барқарории сулҳ ва ба даст овардани Истиқлолият назаррас маънидод карда, таъкид намуданд, ки дар замири ҳар як ҷавони кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси бунёдгузори мактаби давлатдории навини тоҷикон ва муаррифгари асили миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ нақши воло дорад. Зеро мактаби давлатдории Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ноил шудан ба дастовардҳои муҳим дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсиву фарҳангии ҷавонон нақши босазо гузошта, ба ташаккули сиёсати давлатии ҷавонон ва тадриҷан фароҳам овардани имкониятҳои васеи рушду такомул дар шароити мураккаби тағйирёбии сохториву ҷамъиятӣ мусоидат намуд, ки саҳми ҷавонон низ дар ин раванд хеле самарабахш арзёбӣ мегардад.

Имрӯз шумо насли ҷавон бояд он эътимодеро, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ, бахусус Призденти кишвар нисбат ба шумо ҷавонон дорад, ҷавобгӯ бошед ва ин аз ҳар яки шумо масъулияти баландро дар назди Ватан -Модар ва ҷомеаву халқи азизамон талаб менамояд ва вазифадорамон месозад, ки бо неруи созандаву бунёдкор пайи омӯзиш бошем ва дар пешрафту тараққиёти тамоми соҳаҳои ҳаётии ҷомеа нақши худро гузорем. Танҳо бо ин васила мову шумо метавонем бо пуштибонӣ аз Ватану миллати хеш мақоми мамлакати худро дар байни дигар давлатҳо зина ба зина боло барем, тазаккур доданд, зимни суханронӣ Маликшо Неъматзода – Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон.

Дар фарҷоми маҳфили омӯзишӣ ҷавонони фаъоли ташкилот саволҳои муҳиму саривақтиро пешкаш намуда, аз Маликшо Неъматзода ҷавобҳои саҳеҳу мукамалро шуниданд. Маркази таҳлил ва иттилооти Дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикитон

Leave a Comment

Your email address will not be published.