РӮЗҲОИ ИСТИРОҲАТӢ ДАР ҶАШНИ НАВРӮЗ
Дар асоси моддаи 89 қисми 1 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон истироҳат дар рўзҳои иди ғайрикорӣ мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рўзҳои ид» муайян карда мешавад.
Мутобиқи моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рўзҳои ид» – 21-24 март – Иди байналмилалии Наврӯз рӯзҳои истироҳат эълон карда шудааст.
Тибқи муқарароти моддаи 89 қисми 5 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон агар рӯзи истироҳат ба рӯзи иди ғайрикорӣ рост ояд, рӯзи истироҳат ба рӯзи аввали кории баъд аз рӯзи иди ғайрикорӣ гузаронида мешавад.
Боназардошти он, ки санаҳои 23-24 март ба рӯзи истироҳат рост меояд, санаҳои 25-26 март низ барои кормандоне, ки реҷаи кории 5 рӯза доранд, рӯзҳои истироҳат ҳисобида мешавад. Барои кормандоне, ки реҷаи кории 6 рӯза доранд санаи 26 март рӯзи корӣ мебошад.