Санаи 16 марти соли ҷорӣ бо ибтикори Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ ҳамоиши ҳизбӣ дар ҳошияи мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар баргузор гардид. Дар ҳамоиши мазкур муовини якум ва муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор, Мавлон Хайринисо Юсуфӣ, директори Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор – Холиқзода Абдураҳим, шоири халқии Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ – Муҳаммад Ғоиб, раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Неъматзода Маликшо, ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ Давлатзода Қудрат Қамбар, кормандони КИМ ҲХДТ, раисони ташкилотҳои ибтидоии КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, омӯзгорон ва донишҷуёни донишгоҳи мазкур иштирок намуданд.
Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ чорабиниро оғоз бахшида, андешаҳои худро вобаста ба мулоқоти Пешвои муаззами миллат, бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар иброз намуд. Мавсуф таъкид дошт, ки Пешвои миллат дар суҳбат аз бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо, тафриқаву низоъҳои диниву мазҳабӣ, густариши бесобиқаи терроризму экстремизми динӣ, сиёсати духӯраи кишварҳои абарқудрат нисбат ба гурӯҳҳои ифротгаро изҳори нигаронӣ намуда, ҷиҳати ҷилавгирӣ аз ин падидаҳои номатлуб дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Таъкид намуд, ки маҳз ҷаҳонбинии илмӣ имкон медиҳад, ки миллат дар рафти рақобати шадиди ҷомеаҳои гуногун ва ғояву мафкураҳои мухталиф суботу якпорчагии худро нигоҳ дошта, иқтисодиёту истеҳсолоти пешрафтаро ба вуҷуд биёрад ва истиқлолияти сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангияшро нигоҳ дорад.
Холиқзода Абдураҳим дар баромади худ қайд намуд, ки Пешвои муаззами миллат, зимни мулоқот аз фазилатҳои пурарзиш, амали хайру саховат, дастгирии оилаҳои камбизоат, ятимону бепарасторон, сарфаю сариштакорӣ ва танзими маъракаву маросимҳо ибрози назар намуда, аз зоҳирпарастиву исрофкорӣ ва риоя накардани меъёру андозаҳои муайяншудаи анъана ва расму оинҳои мардумию динӣ ва рафъи камбудиҳои дар ин соҳа ба масъулин супоришҳои мушаххас додаанд.
Ҳамзамон шоири халқии Тоҷикистон, Муҳаммад Ғоиб дар суҳбат зикр намуд, ки ватандорӣ гӯшаи имон шаъну шараф, нангу номус, виҷдон ва обрӯю эътибори мо шаҳрвандон буда, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст. Дар ҳошияи ин суханҳо бо якчанд шеърҳои тозаэҷоди хеш табъи ҳозиринро болида гардонид. Дар навбати худ Неъматзода Маликшо зикр намуд, ки мо борҳо аз санҷиши сангини сарнавишт гузашта фарҳангу тамаддуни худ, арзиш ва асолати миллиро аз даст надода, ба пирӯзиҳо расидем. Ин ҳама аз шарофату заҳматҳои Роҳбари давлат маншаъ гирифта, хизматҳои ин абармард дар таърих бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳанд шуд.
Дар интиҳои чорабинӣ Абдуҷаббор Азизӣ бори дигар таъкид дошт, ки дар рушду нумуъ ва ташаккули идеологияи созанда ҳар як шаҳрванди кишвар масъул буда, ҳимояи арзишҳои миллӣ аз қабили Истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати сартосарӣ вазифаи ҷонии ҳар яки мост. Дар ин радиф, меҳмонон ва аҳли толорро бо омад – омади ҷашни аҷдодии Наврӯзи байналмилалӣ муборакбод намуд. Чорабинӣ дар руҳияи баланди ифтихори Ватандорӣ ва ҳувияти миллӣ ба поён расид.