САЛОМ, ТОБИСТОН! Лагери истироҳативу омӯзишии «Рангинкамон» ба фаъолият оғоз намуд

ДУШАНБЕ, 15.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аз 11 июн то 3 июл лагери истироҳативу омӯзишии «Рангинкамон»-и назди Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» дар чор баст наврасон — хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанберо ба истироҳату фароғат фаро мегирад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Дар лагери истироҳативу омӯзишии «Рангинкамон» дар ҳар баст 100 нафар, ҷамъ 400 нафар наврасон — хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанберо ба истироҳату фароғат фаро гирифта мешаванд.

Зимни маросими ифтитоҳи лагер директори Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» Назрихуҷа Сайдалиев иброз намуд, ки ташкили чунин лагерҳо чӣ дар дохили пойтахт ва чӣ берун аз он аз ҷумлаи дастгириҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, махсусан Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ мебошад.

Имсол дар давраи таътили тобистона беш аз 10 ҳазору 500 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт дар истироҳатгоҳҳои наздимуассисавию беруназшаҳрӣ ройгон ба истироҳату фароғат фаро гирифта мешаванд. Зимни ифтитоҳи лагер барномаи ​фарҳангии омоданамудаи маҳфилҳои эҷодӣ – бадеӣ ва ансамбли «Шукуфаҳои пойтахт»-и Марказ пешниҳод гардид.

Leave a Comment

Your email address will not be published.