Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»

ДУШАНБЕ, 10.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем, дар лаҳзаҳои вазнин дасти ҳамдигарро гирем ва ба якдигар кумак расонем.

«Мо бояд аз соҳибдавлативу соҳибватанӣ, неъматҳои истиқлолу озодӣ, сулҳу субот ва ваҳдати комили миллӣ шукргузорӣ намоем, — даъват намуданд Пешвои миллат. — Зеро маҳз ба шарофати онҳо имрӯз мардуми ободкору созанда ва ватандӯсту сарбаланди мо ба хотири рушди минбаъдаи давлатамон бо иттиҳоду сарҷамъӣ ва содиқона заҳмат мекашанд».

Сарвари давлат ёдовар шуданд, ки миллати тоҷик давоми таърихи чандинҳазорсола бисёр давраҳои сахту сангинро аз сар гузаронидааст, садҳо ҳазор фарзандони он барои расидан ба рӯзҳои босаодат мубориза бурдаанд ва дар ин роҳ ҷонашонро аз даст додаанд.

«Шукр, ки мо ба истиқлолу озодӣ расидем ва имрӯз соҳибватану соҳибдавлат ҳастем. Мо акнун давлат бунёд карда истодаем. Ман медонам, ки садҳо мушкилоту норасоӣ дорем, аммо хуб дар хотир дошта бошем, ки касе дар андешаи обод кардани Ватани мову шумо, яъне хонаи мову шумо нест. Фақат ва фақат мову шумо ҳастем, ки бояд дар фикри ободӣ ва ҳифзи ин Ватан бошем», — тазаккур доданд Президенти мамлакат. Барои ин, ба таъкиди Пешвои миллат, пеш аз ҳама, вақт, заҳмат, сабру таҳаммул, маърифати баланди сиёсиву ҳуқуқӣ, иттиҳоду сарҷамъӣ, иродаи матин, нангу номус ва ҳисси баланди миллӣ доштан зарур аст.

Leave a Comment

Your email address will not be published.