Дар шаҳри Тошкент мулоқоти Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода бо Раиси тозаинтихоби Конфедератсияи иттифоқҳои касабаи Озарбойҷон Мамедов Соҳиб Али оглы баргузор гардид, ки дар рафти он ҷонибҳо аз раванди ҳамкориҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуданд. Мулоқот дар фазои дӯстона баргузор гардид.