Санаи 23 апрели соли ҷорӣ дар толори Шўрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд вохўрии раиси Шўрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд – Абдуллозода Ш.Б ва роҳбарияти Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии вилояти Суғд бо донишҷўёни коллеҷҳои тиббии вилояти Суғд баргузор гардид.
Дар вохўрӣ раисони иттифоқҳои касаба ва донишҷўёни коллеҷҳои тиббии шаҳрҳои Хуҷанд, Конибодом, Исфара, Истаравшан, Гулистон ва ноҳияи Б.Ғафуров иштирок намуданд.
Дар оғоз Маллаев О.М. – раиси кумитаи вилоятӣ ҷаласаро ифтитоҳ намуда, оид ба фаъолият ва таърихи кумитаи иттифоқҳои касабаи кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, ки соли сипаришуда 90 солагии таъсисёбии Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон ва 70 солагии Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии вилоятро қайд намуданд, суханронӣ намуд.
Сипас, раиси Шўрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Абдуллозода Шарифулло баромад намуда, оид ба мақсаду маром ва ҳадафҳои оинномавии иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ва фаъолияти ин ниҳод дар самти тадбиқ намудани ҳадафҳои иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, ки дар Паёми имсолааашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуда буданд ва ҷиҳати иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон гардидани соли 2024 – Соли маърифати ҳуқуқӣ” андешаронӣ намуд. Инчунин, оид ба фаъолияти ҳаракати валантёрӣ, ки дар назди Шўрои иттифоқҳои касабаи вилоят таъсис дода шудааст ва ҳамкориҳои иттифоқҳои касаба бо ҷавонони вилоят ибрози ақида намуда, ҳамаи иштирокчиёни вохўрии мазкурро ба ҳамкорӣ даъват намуд.
Дар фарҷом ба 2 нафар донишҷўёни аълохони Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд идрорпулии Кумитаи ҷумҳуриявӣ, ба 5 нафар донишҷўёни аълохони Коллеҷи тиббии шаҳрҳои Истаравшан, Исфара, Конибодом, Гулистон ва ноҳияи Б.Ғафуров идрорпулии кумитаи вилоятӣ ва ба 63 нафар донишҷуёни фаъоли ин коллеҷҳо кўмаки яквақтаинаи молиявӣ супорида шуд.