ДУШАНБЕ, 15.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки тибқи таълимоти дини мубини ислом ҳикмати ин иди муқаддас, пеш аз ҳама, эҳтиром ва шинохти қадру манзалати ҳамдигар, бахусус, падару модар, дигар калонсолон, шукронаи зиндагии орому осуда, омурзиши гуноҳҳо, хайру саховат, тарғиби ростиву растагорӣ ва сафои ботини шахси мусулмон мебошад.
Дар идома Сарвари давлат хотирнишон намуданд, ки иди Қурбон тӯй ё маросиме нест, ки боиси вазнин шудани вазъи молии инсон ва аъзои оилаи вай гардад.
«Русуму одоби он адои намози ид ва қурбонӣ кардан танҳо аз ҷониби шахсони дорои имконияти мусоиди молӣ мебошад, — илова намуданд Пешвои миллат. — Асл ва моҳияти қурбонӣ ғамхорӣ дар ҳаққи ҳамдигар, раҳму шафқат ва барои дастгирии мардуми камбизоат ба хайру саховат ҷалб намудани мардуми доро мебошад».
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»