«ТОБИСТОН- 2024». Дар Душанбе ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ доир шуд

«ТОБИСТОН- 2024». Дар Душанбе ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ доир шуд

25.04.2024. Имрӯз дар Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ҷаласаи ситоди чумҳуриявии «Тобистон-2024» баргузор гардид. Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Раиси Ситоди ҷумҳуриявии «Тобистон-2024» Маликшо Неъматзода иброз дошт, ки ҳоло иттифоқҳои касаба ҳамчун ташкилоти бонуфуз дар таъмини пешрафти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, татбиқи нақшаҳои созандагию бунёдкорӣ ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми шоиста дорад.

Гуфта шуд, ки имсол чун солҳои қаблӣ омодагӣ ба маъракаи бағоят муҳим — ҷалби кӯдакону наврасон ба истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрии ҷумҳурӣ дар мавсими тобистони имсола вусъат мегирад. Ташкилоти иттифоқҳои касаба вобаста ба иҷрои муқаррароти қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2024» аз 27 феврали соли 2024 барои истироҳати бофароғати тобистонаи кӯдакон ва наврасон корҳои муайянро амалӣ менамояд.

Федератсияи иттифоқҳои касаба фаъолияти кумитаҳои соҳавиро дар ин самт ҳамоҳанг сохта, якҷоя бо мақомоти давлатӣ ва идораҳои дахлдор масъалаи бо кадрҳои роҳбарикунандаи омӯзгорӣ, аз ҷумла сарварони истироҳатгоҳҳо, мутахассисони тиб, ошпазҳо, дастурдеҳони тарбияи ҷисмонӣ, варзиш, омӯзгорон ва мураббиҳо таъмин намудани истироҳатгоҳҳоро ҳал намуда, барои муҳайё намудани шароити зарурӣ чораҳои мушаххасро амалӣ менамояд. Мувофиқи маълумот, аз ташкилоти ҳамузви Федератсия имсол 31 лагери беруназшаҳрӣ барои қабули кӯдакону наврасон дар мавсими тобистони имсола изҳори омодагӣ намуданд.

Leave a Comment

Your email address will not be published.