Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самти содирот Ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд

Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самти содирот Ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд

ДУШАНБЕ, 14.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. 13 март пас аз анҷоми мулоқоту музокироти Тоҷикистон ва Қирғизистон аз рӯйи натиҷаҳои вохӯрии сатҳи олӣ дар ҳузур ва бо иштироки Сарони давлатҳо 16 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.

Аз ҷумла, Ёддошти тафоҳум байни Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии «Марказ оид ба рушд ва пешбурди содирот «Қирғиз содирот»»-и назди Вазорати иқтисод ва тиҷорати Ҷумҳурии Қирғизистон ба имзо расид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Агентии содироти ҷумҳурӣ хабар доданд, мақсади Ёддошти тафоҳум афзун намудани робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва истифодаи имконоти ҳарду ҷумҳурӣ мебошад.

Инчунин имзои санад ба тақвият додани ҳамкорӣ ва афзун намудани содироти маҳсулоти саноатию кишоварзии ҳарду ҷониб, ворид шудан ба бозорҳои мамлакатҳои сеюми ба ҳарду ҷониб манфиатдор, баргузор намудани вохӯриҳо, чорабиниҳои тиҷоратӣ, намоишгоҳҳо ва дигар чорабиниҳо, ки ба таҳкими муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ нигаронида шудаанд, мусоидат менамояд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Leave a Comment

Your email address will not be published.