Семинар – машварати омӯзишию дастурдиҳӣ

Дар доираи Нақшаи чорабиниҳои Иттифоқи касабаи кормандони маорифи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансур бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи меҳнат бо иштироки раисони ташкилотҳои ибтидоии Иттифоқи касабаи муассисаҳои таҳсилоти томактабии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар муассисаи таҳсилоти томактабии № 149 семинар – машварати омӯзишию дастурдиҳӣ баргузор карда шуд.

Зикр бояд намуд, ки дар кори семинар – машварат Ҷураева Н., раиси Иттифоқи касабаи кормандони маорифи шаҳри Душанбе, Аҳмадов М., нозири меҳнати Иттифоқи касабаи кормандони маорифи шаҳри Душанбе, Ҷураева Д., нозири ҳуқуқи меҳнати Иттифоқи касабаи кормандони маорифи шаҳри Душанбе иштирок ва баромад намуданд.

Ҷураева Н., раиси Иттифоқи касабаи кормандони маорифи шаҳри Душанбе таъқид намуданд, ки бо мақсади баланд бардоштани малакаву маҳорати касбӣ, такмили донишҳои ҳуқуқии раисони ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касаба ва маърифати ҳуқуқии аъзоёни иттифоқи касаба ҷиҳати расонидани ёрии амалию усулӣ ба онҳо аз тарафи Иттифоқи касабаи кормандони маорифи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он тибқи нақшаи тасдиқгардида семинар- машварати омӯзишӣ давра ба давра доир карда мешавад.

Дар доираи чорабинии мазкур аз тарафи нозири меҳнати иттифоқи касабаи кормандони маорифи шаҳри Душанбе Аҳмадов М. вобаста ба ҳифзи меҳнат ва бехатарии кормандон Муроҷиатномаи Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи меҳнат ба самъи ҳозирин расонида шуд.

Ҳамзамон, дар чорабинии мазкур вобаста ба тартиби коргузорӣ ва ҳуҷҷатгузорӣ, таъмини ҳифзи меҳнат дар ташкилоту муассисаҳо, раиси ташкилоти ибтидои иттифоқи касабаи МТТ 41 Қурбонова М. маъруза намуд.

Боиси қайд аст, ки кори семинар – машварат бо назардошти истифодаи усулҳои фаъол, тариқи кори гурӯҳӣ сурат гирифта, иштирокчиён тавонистанд вобаста ба масъалаҳои тартиби бастани шартномаи меҳнатӣ байни корфармо ва корманд, тартиби қабул дар асоси аризаи шахсӣ ба аъзогии иттифоқи касаба ва таъмин бо билети аъзогӣ, бастани шартномаи меҳнатӣ байни корфармо ва корманд, таҳия ва амалӣ гардонидани Қоидаҳои тартиботи дохили меҳнатии муассиса, тартиби таҳияи протокол ва пардохти варақаҳои корношоямӣ ва дигар масъалаҳои ҷойдошта маълумоти муфид ба худ гирифта, бори дигар маҳорату малакаи касбии худро сайқал доданд ва аз ташкил ва баргузории чунин семинар- машварати омӯзишӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд. Дар қисмати хотимаи кори семинар- машварат ба якчанд нафар фаъолони иттифоқи касаба, ки дар пешрафти кори иттифоқи касаба ва ҳимояи ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои меҳнатии кормандони соҳа саҳми муносиб гузошта, дар баланд бардоштани сифати таълиму тарбияи насли наврас нақши босазо гузоштаанд, бо Ифтихорнома ва Сипосномаи Иттифоқи касабаи кормандони маорифи шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуданд.

Leave a Comment

Your email address will not be published.