Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 феврали соли 2024, №71 рўзи 4 май, ки ба рўзи шанбеи ҳафта рост меояд, рўзи корӣ эълон шуда, рўзи ҷумъа – 10 май истироҳатӣ ҳисобида мешавад.
Бо ҳамин назардошт, ба кормандоне, ки реҷаи 5 рўзаи ҳафтаи корӣ доранд, 9 май (панҷшанбе)- Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ;
10(ҷумъа); 11(шанбе) ва 12 (якшанбе) рўзҳои истироҳатӣ ҳисобида мешаванд.
Бо ҳамин назардошт кормандони дорои реҷаи 5 рўзаи корӣ дар ин давра ба 4 рўзи истироҳат ҳуқуқ доранд.