09.01.2025. Имрӯз ҷаласаи Шўрои генералии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа аъзои Шўрои генералии Федератсия, ҳамчунин кормандони масъули дастгоҳи марказии Федератсия иштирок намуданд.
Дар ҷаласаи Шўро масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор дода шуданд:
1.Дар бораи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”;
2.Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон дар соли 2024 ва вазифагузориҳо барои соли 2025;
3.Дар бораи нақшаи кории Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2025;
4. Дар бораи соли 2025 эълон намудани “Соли эҳёи ташкилотҳои ибтидоии иттифоқҳои касаба”;
5. Масъалаҳои ҷорӣ.

Оид ба масъалаи аввал муовини якуми раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Исмоил Файзизода аз ҷумла зикр намуд, ки Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба ҳадафҳои миллӣ ва рушди устувори иқтисоди кишвар санади муҳим буда, иҷрои саривақтии дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат аз ҳар шаҳрванди кишвар заҳмати софдилонаву шабонарӯзӣ тақозо менамояд.
Дар ин маврид кормандони ташкилоти иттифоқи касаба ҳар як нуктаи дахлдори ин ҳуҷҷати муҳимро ба хуби дарк намуда, онро ҷонибдорӣ ва ҷиҳати амалӣ гаштани он саъю талош ва ҷиҳати ҳимоя ва ҳифзи манфиатҳо, ҳуқуқҳои меҳнатӣ, иҷтимоию иқтисодии кормандон ва ҳамчунин бемайлон вусъат додаани ҳаракати иттифоқҳои касаба ҷаҳду талош менамоянд.
Дар ҷаласа фаъолияти Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ҳамаҷониба таҳлил гардида, аз ҷумла зикр гардид, ки ташкилоти иттифоқи касабаи ҷумҳурӣ дар ин давра ҷаҳду талоши хешро баҳри амалӣ гардидани ҳадафҳои дар назди ташкилот истода ва ҳамчунин баҳри дар амал татбиқ кардани талаботи оинномавӣ равона сохтааст.
Дар фарҷоми ҷаласа атрофи масъалаҳои дахлдори фаъолияти Федератсия сухан баён ёфта, чанде аз пешравиҳо зикр ва дар баробари ин ҷиҳати рафъи камбудиву норасоиҳо дар ин ҷода андешаҳои судманд дода шуданд.
Ҷаласа пас аз муҳокимаи ҳамаҷонибаи масъалаи рӯзнома қарори дахлдор қабул намуд.