ФАЪОЛИЯТРО БЕҲТАР МЕНАМОЕМ

ФАЪОЛИЯТРО БЕҲТАР МЕНАМОЕМ

Чанд рӯз қабл ҷаласаи Раёсати Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони хоҷагии манзилию коммуналӣ, газ ва хизматрасониҳои маишии тоҷикистон баргузор шуд. Раиси Кумита Умедҷон Раҷабов оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар  семоҳаи авали  соли ҷорӣ гузориш дод. Таъкид шуд, ки дар ин давра Иттифоқи касабаи соҳа дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ фаъолиятро ба роҳ монда, баҳри амалӣ намудани вазифаҳои дар Паёми имсола ба миёнгузоштаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои муҳимро анҷом доданд. Дар Паём имсола соли 2024 Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон шуд. Як самти муҳими фаъолияти иттифоқи касаба, ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои меҳнатии корманд мебошад ва дар ин самт пайваста тадбир меандешанд.

            Иттифоқҳои касс абаи кишвар бошанд соли 2024-ро Соли шарики иҷтимоӣ эълон намуданд. Ин ду ташаббуси наҷиб як дигареро тақвият медиҳад. Муотибиқи иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, ҳамаи ташкилотҳои ибтидоии Иттифоқи касабаи соҳа муаззаф гардиданд, ки дар самти шарикӣ эътибори ҷиддӣ диҳанд.

            У. Раҷабов зимни баромадаш таваҷҷуҳи аъзои Раёсатро ба иҷрои уҳдадориҳои Оинномавӣ,хуб ба роҳ мондани меҳнати арзанда дар корхона ва муассисаҳо, коҳиш додани қарздорӣ аз музди меҳнат, ҳаққи аъзогӣ, пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохуши истеҳсолӣ ва бехатарӣ ҷалб намуд.

            Иттифоқи касабаи соҳа ба солимгардонии командон ҳам эътибори ҷиддӣ медиҳанд. Махсусан дар се моҳи соли ҷорӣ 6 кормандони соҳа ба истироҳатгоҳҳои ҷумҳурӣ фиристода шуданд.            

Аъзои Раёсат С. Иззатуллоева, О. Ортиқова изҳор доштанд, ки кормадон пас аз бозгашти истироҳатгоҳҳои ҷумҳурӣ нисбат ба паст будани сатҳи хизматрасонӣ шикоят менамоянд ва хоҳиш намуданд, ки ин масъала пайгирӣ карда шавад.

Leave a Comment

Your email address will not be published.