Санаи 29 апрели соли ҷорӣ дар меҳмонхонаи Суғдиёни шаҳри Хуҷанд конференсия ба муносибати Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи меҳнат ва Рӯзи якдилии меҳнаткашон бо иштироки раисони Иттифоқи касабаи кормандони маорифи шаҳру ноҳияҳо, нозирони меҳнату ҳуқуқ, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ баргузор гардид.
Дар конференсия Самизода Мӯсобек – раиси кумитаи иттифоқи касабаи маориф ва илм, Оқилов Толиб Дадоҷонович – муовини раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят ва Раҳматов Сайфуллохон – намояндаи Раёсати маорифи вилоят иштирок ва баромад намуданд.
Дар охир Муроҷиатноми Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ба Ташкилотҳои иттифоқҳои касабаи ҷумҳурӣ ба муносибати 28 апрел – Рӯзи Умумиҷаҳонии ҳифзи меҳнат ва ба муносибати Рӯзи байналмиллалии якдилии меҳнаткашон – 1 май ба самъи ҳозирин расонида шуд.
Барои фаъолияти пурсамару софдилона 15 нафар фаъолони соҳаи маориф бо Ифтихорнома, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.