Дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2007 «Дар бораи Рӯзи дави миллӣ» ҳамасола дар ҷумҳурӣ якшанбеи сеюми моҳи май, Дави миллӣ гузаронида мешавад. Кормандони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва кумитаҳои ҳамузви он дар қатори дигар намояндагони касбу кори гуногун, кормандони вазорату кумитаҳо, корхонаю муассиса ва ташкилоту идораҳо дар Дави миллӣ иштироки фаъолона намуданд.